Ягона майдони гурзпартоӣ дар Тоҷикистон навсозӣ шуд

Ягона майдони гурзпартоӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Оҷонсии Туркия дар умури ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) навсозӣ гардид. Дар маросими ифтитоҳи он зикр гардид, ки ин майдонро ТИКА бо мақсади саҳмгузорӣ дар инфрасохтори Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, ки кишварро дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, навсозӣ кардааст. Майдони мазкур барои 4 навъи варзиши сабук […]

Asia-Plus

Ягона майдони гурзпартоӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Оҷонсии Туркия дар умури ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) навсозӣ гардид.

Дар маросими ифтитоҳи он зикр гардид, ки ин майдонро ТИКА бо мақсади саҳмгузорӣ дар инфрасохтори Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, ки кишварро дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, навсозӣ кардааст.

Майдони мазкур барои 4 навъи варзиши сабук – гурзпартоӣ, гулулапартоӣ, дискпартоӣ ва найзапартоӣ истифода мешавад.

Дар маросими кушодашавии лоҳа, ки дар ҳудуди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон баргузор гардид, Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон, Дилшод Назаров, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, Муҳаммадшо Абдуллозода, ректори Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ, Ибраҳим Этҳем Унал, ҳамоҳангсози ТИКА дар Душанбе ва варзишгарон иштирок карданд.

Дилшод Назаров аз дастгирии ТИКА қаноатмандӣ баён карда, изҳор дошт, ки онҳо барои ҳавасманд намудани ҷавонон ба варзиш дар Тоҷикистон ба ҳама гуна ҳамкорӣ омода ҳастанд.

Сафири туркия гуфт, барои ташвиқи ҷавонон ба варзиш ташкили мусобиқаҳои варзишӣ миёни мактабҳо дар Тоҷикистон нақши муҳим мебозад. Ӯ қайд кард, ки Сафорати Туркия дар якҷоягӣ бо ТИКА барои мусоидат дар ин самт омода ҳастанд.

Бояд гуфт, ки дар миёни варзишгароне, ки онҳоро Дилшод Назаров тамрин медиҳад, варзишгарзани турк Кивилҷим Кая низ шомил аст. Ин варзишгари турк ба бозиҳои олимпии Париж-2024 омодагӣ мебинад ва айни ҳол машқҳои худро дар майдоне анҷом дода истодааст, ки аз тарафи ТИКА бозсозӣ гардид.

Дилшод Назаров, ки айни ҳол вазифаи раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистонро ба дӯш дорад,  қаҳрамони бозиҳои олимпӣ дар соли 2016 аз варзиши гурзпартоӣ мебошад. Ӯ, ҳамчунин, дорандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳони соли 2015  ва барандаи 3 медали  тилои  Бозиҳои осиёӣ ҳам ҳаст. Назаров 5 маротиба қаҳрамони Осиё низ мебошад.

ТИКА созмони байналмилалии Туркия мебошад, ки дар самти кӯмакрасонӣ фаъолият менамояд ва феълан дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дошта, дар беш аз 170 кишвари ҷаҳон фаъолиятҳояшро ба роҳ мондааст. ТИКА даҳҳо ҳазор лоиҳаро дар кишварҳое, ки фаъолият мекунад, дастгирӣ кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.