spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Барқи тоҷик”: “лимит нест, ҳама 100% барқ дорад”. Идораҳои маҳаллӣ: “супориш аст, лимит вуҷуд дорад”

Чанд рӯзи охир, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз хомӯш шудани пай дар пайи барқ шикоят мекунад ва шиква мекунанд, ки оё дигарбора маҳдудият ё лимит ҷорӣ шуда бошад? Посухи масъулони ширкати "Барқи тоҷик" дар ин масъала ба якдигар мухолифат мекунанд.

“Азия-Плюс” ин мавзуъро дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон пайгирӣ кард.

Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки дар ҷумҳурӣ ҳеч лимити барқ ҷорӣ нашудааст ва тамоми мардуми Тоҷикистон 100% бо барқ таъминанд.

Нозир Ёдгорӣ, сухангӯйи ин ширкат, имрӯз, 2-юми март, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки сарсусадоҳои ҷорӣ шудани лимит асос надорад.

“Мо аз ин шикоятҳои мардм хабар надорем. Чаро ба шумо шикоят мекунанду ба мо не. Ягон хел лимит нест”,-бо нигаронӣ гуфт Ёдгорӣ.

Ин қотеъияти сухангӯйи “Барқи тоҷик” дар ҳолест, ки аз охири моҳи феврал ба ин сӯ, сокинон дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ аз қатъ шудани интиқоли барқ, хусусан шабона шикоят мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир, бино ба иттилои дарёфтии "Азия-Плюс" ба ҷуз ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои марказии вилоятҳо, дигар дар тамоми шаҳру ноҳияҳо маҳдудияти барқ ҷорӣ шудааст. 

Дар Суғд маҳдудияти барқро расман таъйид карданд

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо сарфи назар аз мавқеи ширкати “Барқи тоҷик”, Шабакаҳои барқи Суғд далели маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинони деҳотро ба корҳои таъмирӣ дар нерӯгоҳҳои обӣ ва зеристгоҳҳои барқӣ рабт дод. Масъулин гуфтанд, корҳои таъмирӣ омодагӣ ба мавсими аввали баҳор аст ва эҳтимол рӯзҳои наздик пурра анҷом ёбад.

Дар як ҳафтаи ахир, сокинони ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон бар асоси реҷаи махсус бо барқ таъмин мешаванд. Сокинон мегӯянд, асосан шабона аз соати 22:00 то 05:00-и субҳ интиқоли барқ дар хонаҳояшон қатъ мегардад. Аммо дар баъзе аз ноҳияҳо ба гуфтаи сокинон ду рӯз охир рӯзона низ барқ хомӯш мешавад.

Ҳаётҷони Одил, як сокинини ноҳияи Ашт дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, беш аз як ҳафта мешавад дар ин ноҳия аз соати 23:00-и шаб то 02:00-субҳ барқ дар хонаҳои мардум хомӯш мешавад. “Аммо дар корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба монанди мактабу кӯдакистон, беморхонаҳо маҳдудияти интиқоли барқ мавҷуд нест. Барқ танҳо дар хонаҳои мардум хомӯш мешавад”,-мегӯяд, ӯ

Сокинони Мастчоҳ мегӯянд, дар ин ноҳия нерӯи барқ шабона аз соати 22:00 то 04:00-и субҳ қатъ мегардад. Як сокини ин ноҳия низ гуфт, интиқоли барқ дар идораҳои давлатӣ то субҳи имрӯз, 1-уми март қатъ намешуд, вале субҳи имрӯз дар ноҳияи Мастчоҳ барқ пурра хомӯш шудааст.

Файзалӣ Боқиев, сокини дигари вилоят аз шаҳри Панҷакент низ мегӯяд, дар деҳоти ин шаҳр бештар аз як ҳафта ба ин тараф шабона аз соати 22:00 то 05:00-и субҳ барқ хомӯш мешуд, вале ба гуфтаи ӯ давоми чанд рӯзи охир рӯзона низ аз соати 08:00 то 16:00 бегоҳ ба барқ дастрасӣ надоранд.

Масъулини шабакаҳои барқ дар шимолии Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ дар ноҳияҳоро таъйид мекунанд ва ба омилҳое, ки дар боло ишора шуд, марбут медонанд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мулло Наврӯзов, сардори шӯъбаи тақсимоти барқи Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, корҳои таъмирӣ муваққатӣ буда, рӯзҳои наздик аҳолӣ пурра бо барқ таъмин мешаванд. Вай мегӯяд, зимистони имсола бебориш шуда, баҳор зуд омад ва мавсими обёрӣ тариқи пойгоҳҳои обкашӣ барвақттар шурӯъ мешавад. Аз ин рӯ корҳои таъмириро ба гуфтаи ин масъули шабакаҳои барқ имсол барвақттар шурӯъ кардаанд. 

“Рӯзона мардумро бо барқ таъмин мекунем шабона ба фикрам ба мардум ҳам он қадар ҳам барқ зарур нест, хомӯш мекунем. Давоми рӯз тамоми муассисаҳо дар вақти кор бо барқ таъминанд. Солҳои гузашта корҳои таъмирии мавсими аввали баҳор каме дертар, дар моҳи март сар мешуд. Имсол мавсими обёрӣ барвақтар оғоз мешавад аз ин рӯ корҳои таъмирӣ дар нерӯгоҳу зеристгоҳҳои барқиро мо низ барвақт сар кардем. Ба мавсими обёрӣ бояд мо омода бошем то тирамоҳ мо зерирстгоҳҳои барқӣ ва хатҳои барқиро таъмир карда наметавонем. Рӯзҳои наздик кӯшиш дорем корҳои таъмирӣ анҷом ёбад”.

Дар ҳоле мақомот аз оғози корҳои таъмирӣ дар мавсими аввали баҳор мегӯяд, ки ҳамаги ду моҳ пештар ба далели таъмир дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқ ҷой дошт. Корҳои таъмирӣ соли гузашта аз моҳи сентябр то декабр идома карда  ба гуфтаи масъулин омодагӣ ба фасли зимистон буд.

Расман: дар Хатлон ҳам маҳдудияти барқ ҷорӣ шудааст

Сокнони шаҳру навоҳии ин вилоят ҳам шикоят доранд, ки шабона аз соати 22 то 05 субҳ ва рӯзона аз соати 8:00 то 17:00 барқ дар хонаҳояшон қатъ мешавад.

Бино ба гуфти сармуҳандиси филиали ҶСШК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар Бохтар Раҷабалӣ Бояков ба “АП” гуфт, ки воқеъан дар таъмини барқ маҳдудият ҷорӣ шудааст.

“Мувофиқи супориш аз 22 феврал инҷониб шабона аз соати 22:00 то 05:00 маҳдудият ҷорӣи шудааст. Аз 1 март бошад, мувофиқи супориши иловагӣ рӯзона аз соати 8:00 то 17:00  низ маҳдудият ҷорӣ шуд. Сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият ин кам шудани сатҳи оби Норак мебошад. Мувофиқи таҳлилҳо сатҳи оби обанбори Норак дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2 м паст шудаст”,-гуфт.

Ба гуфти ин масъули Шабакаҳои тақсимоти барқ маҳдудиятҳо эҳтимол то ҷашни Наврӯз идома ёбанд. Мақсад ҳам ҳамин аст, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз тавонем мардумро бо барқ таъмин кунем, – гуфт Раҷабалӣ Бояков. 

Ҳамчунин сардори Шабакањои интиќоли барќ дар вилояти Хатлон Давлатназар Холов низ ба “Азия-Плюс” ҷорӣ шудани маҳдудияти таъмини барқро таъйид кард, аммо гуфт ин дастури ҳукумати кишвар аст.

“Дар ҳақиқат маҳдудкунӣ вобаста ба сатҳи об ҳаст. Ин чизро Шабакањои барқи ноҳия, шаҳр, минтақа ва вилоят намекунанд. Ин кор ба воситаи ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста аст.  Дастур аст, аз соати 22 шаб то соати 05 саҳар барқро қатъ мекунем”,- гуфт Холов.

 Холов мегӯяд, ки мувофиқи њисоби мутахассисон алҳол воридшавии об ба обанбори Норак 150-160 куб дар як сония буда, 600 куб дар як сония хориҷ мешавад. Зиёда аз 60-62 см ҳар рўзе сатҳи об  кам шуда истодааст. Ҳисобу китоб аст, ки то баҳор, то вақти чорабиниҳои Наврўз захираи об ба сатҳи лозим бирасад

Ин масъули барқи Хатлон гуфт, ки “ҳозир њамин мањдудкунии муваққатии шабона дар тамоми ҷумҳурӣ мебошад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин ҳол сокинони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳам аз орӣ шудани маҳдудияти барқ шикоят мекунанд.

Акрам Раҳимов, сокини ноҳия Рӯдакӣ ҳам мегӯяд, ки дар ин ноҳияи канори пойтахт ҳам маҳдудияти барқ вуҷуд дорад. “Рӯзи 1-уми март, рӯзона аз соати 08 то 18.00 барқро қатъ карданд. Шабона аз соати 22 то 04.00”.

Сокинони ноҳияи Турсунзода низ мегӯянд, ки дар ноҳия низ ин маҳдудият ҷорӣ шуда буд, аммо аз 1-ми март ҳатто дар маркази шаҳр ҳам барқро қатъ мекунанд. Дар ин шаҳр, рӯзи 2-юми март, сокинон гуфтанд, ки барқ аз соати 08.00 қатъ шудааст.

Дар ҳоле “Барқи тоҷик” расман аз мавҷудияти маҳдудияти барқ худдорӣ мекунад, ки манбаъҳои ғайрасмӣ мегӯянд, ин маҳдудият дар сар то сари кишвар то ҷашни наврӯз давом мекунад. Агар то он вақт сатҳи об дар обанбори Норак ба меъёри лозим расад, маҳдудият аз миён бардошта мешавад, аммо агар сатҳи об то он вақт ҳам ба меърои лозим баробар нашавад, эҳтимол дорад ин маҳдудият идома кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...