Парда Қосим, овозхони шинохтаи тоҷик аз олам даргузашт

Date:

Парда Қосим, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва овозхони шинохтаи тоҷик дар 77-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг ба Азия-Плюс хабар дод.

Яке аз пайвандонаш ҳам ба “Азия-Плюс” ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, ки чанд муддат боз бемории қанд дошт ва аз он ранҷ мекашид.

“Чанд вақт боз табобат мегирифтанд. Гурдаҳояшон ҳам иллат пайдо карда буд. Имрӯз тақрибан соати 16:50 дар хона аз дунё чашм пӯшиданд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Парда Қосимро пагоҳ соати 10:00 дар яке аз масоҷиди Душанбе ҷаноза карда ва дар қабристони Лучоб ба хок месупоранд.

Парда Қосим 13-уми октябри 1947 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шуда буд. Соли 1965 Омӯзишгоҳи ҷумҳурияви маданӣ – равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ)-ро хатм карда, беш аз 30 сол сароянда ва роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси «Шодӣ»-и ноҳияи Панҷ буд.

Аз соли 1998 овозхони дастаи рақсии «Лола» буд.

Осори шуарои классик ва муосири тоҷик оҳанг бастааст. Таронаҳои маъруфаш «Бародарам», «Тоҷикистон аз манӣ», «Ман масту ту девона», «Эй ошиқон», «Юсуфи гумгашта», «Сурӯши Сталинград», «Борони найсон», «Сайри лолазор», «Доғи ғурбат», «Наврӯзи оворагӣ», «Рӯзгорони баланд», «Чашмаи сабоҳӣ», «Бӯса ба дарё задам» ва ғайра мебошанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ба ӯзбекӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, арабӣ, русӣ ва дигар забонҳо низ таронаҳо хондааст ва ба Афғонистон, Эрон, Яман, Испания ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додаст.

Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон сарфароз шуда буд.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бинобар даргузашти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Парда Қосим ба наздикону пайвандонаш изҳори ҳамдардӣ баён мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...