Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин дар робита ба амали террористӣ

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар Доғистон ба президенти Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

“Муҳтарам Владимир Владимирович, мо дар Тоҷикистон хабари фоҷиабори ҳамлаи золимонаи террористӣ дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дарбентро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоиштаи Федератсияи Русия гардид, бо андуҳи амиқ дарёфтем”, – омадааст дар барқия.

Дар барқия ҳамчунин гуфта мешавад, Тоҷикистон, ки беш аз 30 сол боз бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм мубориза мебарад, ин амалкарди ғайриинсонии зӯровариро дар Доғистон қотеъона маҳкум карда, аз ҳамкории фаъолона дар мубориза бо терроризм ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки Тоҷикистон ва Русия аъзои онҳо мебошанд, ҷонибдорӣ менамояд.

Дар фарҷоми барқия Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин, наздикону пайвандони фавтидагон ва ба тамоми мардуми Русияи дӯст таслияти амиқу ҳамдардии самимӣ изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хостааст.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 23 июн шахсони номаълум ба як каниса (ибодатгоҳи яҳудиён) ва ду калисо (ибодатгоҳи масеҳиён) дар шаҳри Дарбент, ҳамчунин постгоҳи полис дар шаҳри Махачқалъа ҳамла карда, дар натиҷа 17 нафар, аз ҷумла 15 корманди пулис ҳалок шуданд.

Дар ин ҷойҳо реҷаи амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ шуда, дар ҷараёни он чанде аз ҷангиён (ҳамлагарон) кушта шуданд. Маақомоти прокуратура тибқи моддаи 205 КҶ ФР (амали террористӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба ин ҳодисаи фоҷаеабор аз 24 то 26 июн дар Доғистон рӯзҳои мотами миллӣ эълон шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...