Филиппо Гранди, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон 8 март дар Твиттер хабар дод, ки шумори гурезаҳои Укрин аз оғози ҳамлаи Русия ба ду миллион нафар расид.
Today the outflow of refugees from Ukraine reaches two million people.
Two million.
— Filippo Grandi (@FilippoGrandi) March 8, 2022
Ҳамлаи Русия ба Укроин ҳудуди ду ҳафта пеш оғоз шуд. Дар ин давра наздики 900 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба Лаҳистон паноҳ бурда, 150 ҳазор тани дигар ба Маҷористон рафтаанд. Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, метавонад аз 2,5 то 6,5 миллион гурезаи укроиниро қабул кунад.
Ба иттилои Хадамоти марзбонии Украин, дар давоми як шабонарӯзи ахир танҳо аз минтақаҳои ғарбӣ 132 ҳазор шаҳрванд кишварро тарк кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.