5 соли зиндон ба роҳбари хоҷагии деҳқонӣ барои тамошо ва ҷонибдории наворҳои мамнӯъ

Додгоҳи вилояти Суғд роҳбари як хоҷагии деҳқониро барои тамошо ва ҷонибдории наворҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ гунаҳкор карда, ба 5-соли зиндон маҳкум намудааст. Аз ин додгоҳ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Самӣ Махкамзода, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Шоҳин” дар шабакаи иҷтимоии “YouTube” бо номи  сохтаи “Globyc 3404”  саҳифа кушода, давоми ду соли охир ба саҳифаҳои фаъолияташон дар […]

Фарзона Муродӣ, "Asia-Plus"

Додгоҳи вилояти Суғд роҳбари як хоҷагии деҳқониро барои тамошо ва ҷонибдории наворҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ гунаҳкор карда, ба 5-соли зиндон маҳкум намудааст.

Аз ин додгоҳ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Самӣ Махкамзода, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Шоҳин” дар шабакаи иҷтимоии “YouTube” бо номи  сохтаи “Globyc 3404”  саҳифа кушода, давоми ду соли охир ба саҳифаҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ обуна шудааст ва наворҳои дар онҳо нашршударо тамошо ва ҷонибдорӣ кардааст.

“Ӯ бо мақсади зиёд кардани обуначиёнаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои иғвоангезро аз саҳифаҳои мамнӯъ бознашр кардааст”, – зикр мегардад дар қарори додгоҳ.

Охири моҳи май бо ҳукми Додгоҳи вилояи Суғд барои амалҳои зикршуда Самӣ Махкамзода тибқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон) гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Назари маҳкумшуда, пайвандон ва ё вакили дифои ӯ дар бораи иттиҳом ва қарори додгоҳ маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ аз мавод ва наворҳои мамнӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паҳн кардани он ҷиноят дониста мешавад. Ҳамасола садҳо нафар бо ин ҷурм равонаи зиндон мешаванд.

Масалан, танҳо соли 2023 дар вилояти Суғд 201 нафар бо ҷумри пайравӣ аз гурӯҳҳои ифродгаро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ равонаи зиндон шудаанд, ки  нисбат ба соли 2022 83 нафар бештар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.