Ҳалокати 7 сокини Муъминобод дар садамаи нақлиёт

Дар натиҷаи садамаи нақлиёт, ки дар қаламрави деҳаи Офтоблиқои канори шаҳри Кӯлоб рух дод, якбора 7 нафар ҳалок шуданд. Ин ҳодисаи фоҷеабор ҳанӯз шоми рӯзи 27 июн рух дода, лекин ВКД акнун аз ҷузъиёташ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи Opel-Astra Бобоҷон Зоирови 27-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо мошини сабукрави дигари […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар натиҷаи садамаи нақлиёт, ки дар қаламрави деҳаи Офтоблиқои канори шаҳри Кӯлоб рух дод, якбора 7 нафар ҳалок шуданд. Ин ҳодисаи фоҷеабор ҳанӯз шоми рӯзи 27 июн рух дода, лекин ВКД акнун аз ҷузъиёташ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи Opel-Astra Бобоҷон Зоирови 27-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо мошини сабукрави дигари ҳамин тамға зери идораи Умарҷон Латифови 24-сола бармехӯрад.

“Бар асари садама ронанда Латифов, мусофирони он – Рамазон Алиеви 25-сола,  Бунафша Шариповаи 38-сола ва 3 фарзанди ӯ – Аминҷон 5-сола, Алиҷони 10-сола ва Сабринаи 13-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд, – омадааст дар хабари Вазорат. – Боз як мусофири ин мошин Насимҷон Рамазонии 18-сола аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон фавтидааст”.

Гуфта мешавад, ронадаи автомашинаи дигар Бобоҷон Зоиров ва мусофирони он: Нуралишои Қурбони 18-сола, Мадина Гуловаи 15-сола ва Панҷшери Муҳаммадзодаи 19-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки тайи 4 рӯзи ахир бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ 13 нафар ҳалок шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.