Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон омад ва дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Date:

Пас аз нисфирӯзии имрӯз, 2-юми июл, Шаҳбоз Шариф, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.

Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон пешвоз гирифт.

Баъдан Шаҳбоз Шариф дар пояи муҷассаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳбоз Шарифро расман дар Қасри миллат истиқбол намуд.

Маросими истиқбол дар майдони Қасри миллат бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди Пешвои миллат ва меҳмони воломақом анҷом ёфт.

ГАЛЛЕРЕЯ (9)









Ёдовар мешавем, ки ин аввалин сафари хориҷии Шаҳбоз Шариф пас аз интихоб шудан ба маснади сарвазири Покистон аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related