Конибодом: Марде, ки дар куштори оилаи худ муттаҳам мешуд, ҷабрдида эътироф гардидааст

Бо гузашти беш аз 3 моҳ пайвандони як оилае, ки дар Конибодом кушта шуданд, мегӯянд, қотили воқеӣ пайдо нашудааст ва барои пайдо кардани он омодаанд 100 ҳазор сомонӣ диҳанд. Падари хонавода, ки он замон дар баъзе расонаҳо чун қотили 4 узви хонадони худ муаррифӣ гардида буд, ҳамакнун ҷабрдида эътироф шудааст. Аммо мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд. Ҳодисаи […]

Asia-Plus

Бо гузашти беш аз 3 моҳ пайвандони як оилае, ки дар Конибодом кушта шуданд, мегӯянд, қотили воқеӣ пайдо нашудааст ва барои пайдо кардани он омодаанд 100 ҳазор сомонӣ диҳанд. Падари хонавода, ки он замон дар баъзе расонаҳо чун қотили 4 узви хонадони худ муаррифӣ гардида буд, ҳамакнун ҷабрдида эътироф шудааст. Аммо мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд.

Ҳодисаи куштори пурсарусадои 5 узви як хонавода дар кӯчаи Комил Ёрматови шаҳри Конибодоми вилояти Суғд шаби 29 ба 30-юми марти 2024 рух дод. Он замон баъзе расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки Муҳиддин Шарифови 65-сола ҳамсар, келин ва ду набераашро буғӣ карда кушта, пасон худро ба дор овехтааст. Вале мақомот ҳодисаро расман шарҳ надоданд.

Ҳамакнун, бо гузашти беш аз 3 моҳ, Кабир Шарифов, писари Муҳиддин Шарифов, гумонбар ба қатли аъзои хонадон, мегӯяд, аз таҳқиқи қатли аъзои хонаводааш қаноатманд нест.

“Аз куштори аъзои оилаамон беш аз се моҳ сипарӣ шуд, аммо то ҳол қотили воқеӣ пайдо нашудааст”, – зикр мекунад Кабир Шарифов.

Ӯ, ки замони рух додани ҳодиса дар хориҷа қарор доштааст, мегӯяд, ҳеҷ бовар надорад, ки падараш қотил бошад, зеро пас аз куштор аз хона маблағу тилло гум шудааст ва мантиқан, падари, тибқи фарзияи аввал ироашуда, муттаҳам ба куштор, ки худ низ ҷон бохтааст, наметавонист пулу тиллоро дуздад.

“Мо – фарзандон даҳҳо бор ба мақомот даъват ва бозпурсӣ шудем. Ҳар ҳуҷҷату далеле, ки дар даст доштем, пешниҳод кардем. Деворе, ки  изи пой ва хароша дошт, низ нишон додем. Дар бораи гум шудани маблағу тилло ҳам иттилоъ додем, аммо то ҳол асли қазия рӯшан нашудааст”, – мегӯяд Кабир Шарифов.

Ӯ мегӯяд, падараш бемор ё майзада набуд. Ҳамчунин, пас аз марг дар баданаш захмҳои зиёд ва дар гарданаш изи корд буд.

Охирин иттилои тоза, ки дирӯз, 3-юми июл Кабир Шарифов расонид, бекор кардани иттиҳоми “қотил” нисбати падараш будааст.

“Ҳафтаи гузашта аз додситони шаҳри Конибодом хабар доданд, ки бегуноҳии падарам собит шудааст ва иттиҳоми “қотил” нисбати ӯ бекор гардидааст”, – гуфт Кабир Шарифов.

Дар додситонии шаҳри Конибодом, ки таҳқиқи кушторро ба зимма дорад, касе ҳозир нашуд ҳодисаро шарҳ диҳад.

Дар Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом гуфтанд, ки дар робита ба ин куштор то ҳол касе боздошт нашудааст.

Фарҳод Носиров, корманди ин шуъба 3-юми июл дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “ҷиҳати ошкор кардани ҷинояти куштори оилаи Шарифовҳо корбарӣ рафта истодааст, аммо то имрӯз ягон нафар ҳамчун гумонбар боздошт нашудааст”.

Дар ҳамин ҳол, Кабир Шарифов ва додари ӯ Каримҷон Шарифов мегӯянд, омодаанд барои пайдо кардани қотили аъзои оилаашон – падараш Муҳиддин Шарифови 65-сола,  модараш Марям Шарифоваи 60-сола, ҳамсараш Фирӯза Шарифова ва фарзандон  Абӯбакр Шарифов ва Азиза Кабирзода 100 ҳазор сомонӣ пардохт кунанд.

Бояд зикр кард, ки ин ягона ҳодисаи куштори пурсарусадои аъзои як оила дар шаҳри Конибодом нест. Аз моҳи март то имрӯз танҳо бо ҳисоби мақомот 5 куштори оилавӣ дар шаҳри Конибодом рух дод, ки дар натиҷа 15 нафар кушта шуданд. Кушторҳои падарпайи оилавӣ дар шаҳр ва ошкор нашудани ин ҷиноятҳои махсусан вазнин мардумро ҳаросзада кардааст.

Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ  наворҳое (аз камераҳои назоратӣ бардошта шудааст) мечархад, ки дар он дида мешавад, шахсони ниқобпӯш кӯшиши ба хонаҳои мардум воридшавӣ мекунанд. Ин ҳолат боис гардидааст, ки мардуми баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Конибодом ситод ташкил карда, то саҳар дар кӯчаҳо навбатдорӣ намоянд.

Аммо мақомот ин ҳамаро расман шарҳ намедиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.