Мавсими нави бошгоҳҳои Осиё: дастаҳои Тоҷикистон чӣ қадар мукофотпулӣ гирифта метавонанд?

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) натиҷаҳои мавсими навбатии иҷозадиҳиро эълон карда, маълум шуд, ки ба мусобиқаҳо дар Лмгаи қаҳрамонҳо-2 ду даста аз Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Равшан” роҳхат гирифтанд. Ҳарду даста аз марҳилаи гурӯҳии мусобиқа рақобатро оғоз мекунанд. Дастаҳои иштирокчӣ ба сифати ҷӯяндагони роҳхатҳо аз рӯи 5 меъёр бар асоси шартҳои Муқаррарот дар бораи иҷозадиҳии КФО […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) натиҷаҳои мавсими навбатии иҷозадиҳиро эълон карда, маълум шуд, ки ба мусобиқаҳо дар Лмгаи қаҳрамонҳо-2 ду даста аз Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Равшан” роҳхат гирифтанд. Ҳарду даста аз марҳилаи гурӯҳии мусобиқа рақобатро оғоз мекунанд.

Дастаҳои иштирокчӣ ба сифати ҷӯяндагони роҳхатҳо аз рӯи 5 меъёр бар асоси шартҳои Муқаррарот дар бораи иҷозадиҳии КФО ҳуҷҷатҳо пешниҳод намуданд.

Қабули дархостҳо моҳи ноябр оғоз гардида, бо назардошти гузаштани КФО ба мавсими тирамоҳу баҳор, то моҳи март идома ёфт.

Аз оғози мавсими нав байни дастаҳо дар мавсими солҳои 2024/2025 мусобиқаҳо таҳти сарпарастии КФО ба се дивизион тақсим шуданд – Лигаи баргузидаи қаҳрамонҳо, Лигаи қаҳрамонҳо-2 ва Ҷоми КФО.

Радабандӣ (рейтинг) имкон медиҳад, ки дар дуюмин мусобиқаи КФО аз рӯйи мақом ё аз лиҳози таснифбандӣ – Лигаи қаҳрамонҳо-2 ду даста аз Тоҷикистон иштирок кунанд

Дар маросими қуръапартоӣ, ки рӯзҳои 15 ва 16 август дар қароргоҳи КФО Куала-Лумпур баргузор мешавад, ҳарифони дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан” маълум мешаванд.

Барои ҳар як ғалаба дар бозӣ дар даври гурӯҳӣ дастаҳои Тоҷикистон метавонанд 50 ҳазор доллар мукофтпулӣ кор кунанд. Дар давраи гурӯҳӣ ҳар кадоме аз дастаҳо 6 бозӣ мегузаронанд. Ғайр аз ин, дар сурати ба даври 1/8 финалии мусобиқа роҳ ёфтан ба ҳар кадоме аз дастаҳо 80 ҳазор доллар дода мешавад.

Барои роҳ ёфтан ба даври 1/4 финалӣ даста бо 160 ҳазор доллар, даври 1/2 финалӣ – бо 240 ҳазор доллар, дастаи иштирокчии вохӯрии финалӣ – бо 1 млн доллар ва ғолиби мусобиқа – бо 2, 5 млн доллар мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.