Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду зане, ки ҳамсояи худро латукӯб карданд

Ду  зане, ки навори муноқишаи онҳо бо як ҷавонзан рӯзи 4‑уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромада буд, аз тарафи пулиси пойтахт дастгир ва нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе рӯзи 5‑уми июл хабар дод. Ба навишти манбаъ, боздоштшудагон Сафаргул Сафаралиеваи 34-сола ва фарзанди ноболиғаш З.Н.-и 14-сола, ки ҳарду сокини […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ду  зане, ки навори муноқишаи онҳо бо як ҷавонзан рӯзи 4‑уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромада буд, аз тарафи пулиси пойтахт дастгир ва нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе рӯзи 5‑уми июл хабар дод.

Ба навишти манбаъ, боздоштшудагон Сафаргул Сафаралиеваи 34-сола ва фарзанди ноболиғаш З.Н.-и 14-сола, ки ҳарду сокини пойтахт мебошанд, ҳамсояи худ Мадина Гуловаи 26-соларо, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ доштааст, латукӯб кардаанд.

Зикр шудааст, ки миёни ин ду ҳамсоя солҳост хусумат вуҷуд дошта, муноқишаи ахир дар пайи муноқиша миёни кӯдакони ноболиғи онҳо сар задааст.

“Вобаста ба ҳодисаи мазкур нисбати Сафаралиева Сафаргул тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, – хабар додааст ин ниҳод.

Моддаи мазкур ҷарима аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 36 ҳазор то 72 ҳазор сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳолати боздошти нафарони қоида ва қонунвайронкун, баъди нашри навору акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ нест. Қариб ҳар ҳафта мақомоти интизомии кишвар аз боздошту муҷозоти чунин шахсон пас аз оммавӣ шудани кирдори онҳо хабар медиҳад.

Чаро бо вуҷуди расонаӣ шудани муҷозоти нафароне, ки кирдори хилофи қонуни онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, ин амал аз ҷониби сокинони дигар такрор мешавад, дар матлаби “Аз понздаҳ шабонарӯз ҳабс то 720 сомонӣ ҷарима”. Чаро ронандагони нақлиёти мусофирбари пойтахт ислоҳ намешаванд?” мутолиа намоед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.