Тоҷикистон аз Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) хостааст, ки барои фароҳам кардани шароити қабули паноҳандагон дар кишвар мусоидат кунад. Ин нукта дар мулоқоти дирӯзи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии ин ниҳод дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар мулоқоташ бо Мулугета Зевди Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR) дар Тоҷикистон, ки дирӯз, 14-уми март баргузор шудааст, гуфтааст, ки "мушкилоти гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Афғонистон яке аз масъалаҳои душвор маҳсуб ёфта, барои қабули зиёди гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда дар ҳудуди Тоҷикистон бояд бо кумаки Намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо имконияти мусоид фароҳам оварда шавад".
Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ки дар ин дидор масоили таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар бахши кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Афғонистон ва роҳҳои ҳифзи ҳуқуқи онҳову расонидани кӯмак ба эшон баррасӣ шудааст.
Тоҷикистон масъалаи таъмири яке аз марказҳои паноҳҷӯёнро ҳам матраҳ шудааст.
Вазири тоҷик гуфтааст, ки дар қадами аввал бояд «Маркази муваққатии қабул ва бақайдгирии гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда», дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон таъмиру таҷдид гардида, шароити мусоид барои қабул ва ҷобаҷокунии гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таъмин карда шавад.
Мулугета Зевди гуфтааст, ки ин ниҳод омода аст барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта бо ВКД ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монад.
Ин дархости Тоҷикистон аз UNHCR дар ҳолест, ки интизор меравад Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон Филиппо Гранди рӯзҳои 17-18 март баъди анҷоми боздид аз Афғонистон бо як сафари дурӯза ба Тоҷикистон биояд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Нодира Акбаралиева, мушовири байнулмилалӣ оид ба робита бо ҷомеаи Раёсати Комиссариати олии умури паноҳандагони СММ хабар дод.
Дар доираи сафари Комиссари олӣ ба Тоҷикистон як қатор вохӯриву гуфтушунидҳои ӯ дар сатҳи олӣ дар назар аст, ки дар ҷараёни он Гранди масоили марбут ба таваҷҷуҳ ба омадани гурезаҳо бо шумули талош баҳри таъмини омодагӣ ва қабули қарорҳои дарозмуҳлат барои онҳоро баррасӣ мекунад. Дар баробари вохӯриҳои расмӣ, Комиссари олӣ бо паноҳандагони Афғонистон дар шаҳри Ваҳдат дидору суҳбат намуда, аз қароргоҳи муваққатии гурезаҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздид мекунад.
Тибқи маълумоти Раёсати СММ, то охири моҳи декабри соли 2021 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 773 нафар гуреза ва шахсони паноҳгоҳталаб қарор доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.