Ба сохтмони неругоҳи “Роғун” аз буҷет 7,3 млн доллар маблағи иловагӣ равона мегардад

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои пурра намудани сармояи оинномавии ҶСК "НБО Роғун" 77,5 млн сомонӣ (ҳудуди 7,3 млн доллар) ҷудо кунад. Қарори дахлдори ҳукумат дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст. Дар санад зикр мешавад, ки маблағ аз Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ҷудо шуда, дар навбати […]

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои пурра намудани сармояи оинномавии ҶСК "НБО Роғун" 77,5 млн сомонӣ (ҳудуди 7,3 млн доллар) ҷудо кунад.

Қарори дахлдори ҳукумат дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст.

Дар санад зикр мешавад, ки маблағ аз Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ҷудо шуда, дар навбати худ Фонд ин маблағро аз ҳисоби бақияи суратҳисоби суди саҳмияҳои ба буҷети ҷумҳуриявии давлат воридшуда мегирад.

Гуфта мешавад, қисмате аз ин маблағҳо (42,3 млн сомонӣ) ба “пардохти маблағҳои хидматрасонии  паймонкорон ва таҳвилгарони молу маҳсулот” равона мегардад.

Дар назар аст, ки боқимонда 35,2 млн сомонӣ соли 2025 ба пардохти қарзҳо аз рӯи евробондҳо, ки соли 2017 барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” ҷалб шуда буданд, равона гардад.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон ин аллакай бори сеюм аст, ки барои эҳтиёҷоти сохтмони НБО “Роғун” тариқи Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз буҷет маблағ ҷудо мешавад.

Ба ин тариқ, моҳи январи соли ҷорӣ ҳукумат бо қарори худ супориш дод, ки ба идомаи сохтмони НБО “Роғун” аз ҳисоби Фонди мазкур 100 млн сомонӣ (зиёда аз 9,1 млн доллар) ва моҳи апрел – 60 млн сомонӣ (зиёда аз 5,5 млн доллар) равона созад.

Маблағҳо ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисмати даромади буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ ворид мешаванд. Дар Буҷети соли 2025 муқаррар шудааст, ки 25% чунин маблағҳо ба Фонд равона карда мешаванд.

Маблағҳои ин Фонд маъмулан ба рушди соҳаи таъминот бо сӯзишворӣ ва энергетика, таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар, рушди бахшҳои иҷтимоӣ ва таъмини саривақтии баргардонидани қарзи давлатии хориҷӣ равона мешаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, давоми соли равон ба идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” равона гардидани 5 млрд сомонӣ (456 млн доллар) маблағ ба нақша гирифта шудааст.

Дар назар аст, ки ҷудо гардидани 2,2 млрд сомонӣ аз ҳисоби ҷалби маблағгузорӣ аз хориҷа ва қисмати боқимонда – аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат гирад.

Соли 2023 ба идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷет равона гардидани 2,5 млрд дар назар буд, лекин ба гуфтаи раҳбарияти Вазорати молия, барои зиёд кардани ин маблағ то 5,2 млрд сомонӣ имкониятҳо пайдо шуданд.

Аввали моҳи феврали соли 2024 Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дод, ки барои анҷоми сохтмони НБО “Роғун” ҳамасола бояд 1 млрд доллар сарф шавад ва дар маҷмӯъ барои иҷрои комили ин тарҳ  6,2 млрд доллар лозим аст.

Бино ба маълумоти ҳукумат, аз соли 2008, замони дубоа барқарор шудани амалисозии лоиҳаи НБО “Роғун” барои идомаи сохтмони иншооти мазкур зиёда аз 40 млрд сомонӣ равона гардидааст.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

НБО “Роғун” аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.