spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Хадамоти марзбонии Қирғизистон рад кард, аммо манбаъҳои расмӣ тасдиқ мекунанд

Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар як изҳороти матбуотӣ ҳодисаи тирпаронии зуҳри 13-уми март ба ҳавлии сокини деҳаи Сомониёни Чоркӯҳ аз сӯйи марзбонони ин кишварро инкор карда, расонаҳои Тоҷикистонро ба бозтоби иттилои носаҳеҳ муттаҳам кардааст.

Аммо мақомоти Исфара, рух додани ин ҳодисаро расман таъйид карда, гуфтанд, тири неруҳои марзбонии қирғиз ба дарахтҳои себи ҳавлии Наим Абдуллоев, сокини деҳаи Сомониён бархурдааст.

Ҳарчанд Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон аз расонаи мушаххасе ном набурдааст, вале “Азия-Плюс” яке аз аввалин расонаҳои Тоҷикистон буд, ки ин ҳодисаро бозтоб дода буд.

Хадамоти марзбонии КДАМ кишвари ҳамсоя дар ҳоле расонаҳои Тоҷикистонро бо нашри хабари носаҳеҳ муттаҳам мекунад, ки рух додани ин ҳодисаро ба “Азия-Плюс” се манбаи расмӣ ва бархе манбаъҳои мустақили дигар таъйид карданд.

Сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара, раиси ҷамоати Чоркӯҳ ва соҳиби хонае, ки тир дар деҳаи Сомониён ба ҳавлии ӯ расидааст, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” ҳодисаи терпаронии рӯзи 13-уми мартро тасдиқ карданда, гуфтанд, дар даст далел низ доранд.

Ба гуфтаи мақомот ва соҳиби хона ду тири аз суйи марзбонони қирғиз парондашуда, тақрибан соати 13:00 ба дарахти себи ҳавлии Наим Абдуллоев, сокини деҳаи Сомониён дар кӯчаи Сомониён 144 задааст ва аз ҷойи ҳодиса аксеро низ дар ихтиёр доранд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мактаби деҳаи Сомониён дар наздикии ҳавлие қарор дорад, ки тирҳо ба дарахтони он бархӯрдаанд.

Аммо Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар изҳороти рӯзи 14-уми марташ гуфтааст, “хабарҳои дар расонаҳои Тоҷикистон дарҷшуда, ки гӯё пас аз гуфтушунид нерӯҳои қирғиз ба сӯйи хонаи як тоҷикнишини деҳаи Сомониён тир холӣ кардаанд, нодуруст мебошад”.

Дар ин баёния Хадамоти марзбонии КДАМ-и Қирғизистон “аз расонаҳои Тоҷикистон даъват мекунад, ки маълумоти тасдиқшуда нашр кунанд ва бо хабарҳои бардурӯғ шаҳрвандони ду кишварро ба иштибоҳ наоранд, ки метавонанд боиси сар задани ҳодисаҳои нави марзӣ шаванд”.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, ҳодисаи тирпаронии зуҳри рӯзи якшанберо дар суҳбат ба “Азия-Плюс” расман тасдиқ кард ва ҳамчун далел чанд акси дарахти себеро, ки ба он тири марзбонони қирғиз бархӯрдаанд, дар ихтиёри мо гузошт. 

«Ҳодиса соати 13:00-и рӯзи 13-уми март рух додааст. Мо ҳамчун далел аксеро низ дар ихтиёр дорем, ки ду тир ба дарахти себ задааст”.

Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ низ ҳодисаи тирпаронӣ ба манзили Наим Абдуллоев, сокини 39-солаи деҳаи Сомониёнро расман тасдиқ карда мегӯяд, неруҳои қирғиз он рӯз дар ҳақиқат тир кушоданд. “Сад дар сад қирғизҳо се тир аз автомат холӣ кардаанд ва он аз сӯйи хонаи ин сокини деҳаи Сомониён гузаштааст. Соҳиби хона мегӯяд, тир ба дарахти себи дар ҳавлии ӯ буда расида гузаштааст. Ҳоло мақомоти тафтишотӣ бояд посухи рӯшан ба ин суолро диҳанд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Пайи тир дар дарахтони ҳавлии Наим Абдуллоев

Мақомот мегӯяд, манзили Наим Абдуллоев дар кӯчаи Сомониён 144, наздик ба мактаби рақами 64-и ин деҳаи Сомониён ва дар рӯ ба рӯи масҷиди Абӯбакри Сиддиқ ҷойгир аст. Аз се тири парондаи марзбонони қирғиз, ду тир ба дарахти себи ҳавлии ин сокини ҷамоати Чоркӯҳ зада, баъдан ба тарафи дигар рафтааст.

Ҳамсари Наим Абдуллоев, Мухтасар Абуллоева 13-уми март ва ҳамон рӯзи рух додани ҳодиса, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” тирпаронии марзбонони қирғизро таъйид кард ва чунин шарҳ дод:

“Тақрибан соати 13:00 буд, фарзандонам дар рӯйи ҳавлӣ, бозӣ мекарданд ва худи ман бо рӯбучини ҳавлӣ машғул будам. Он лаҳза ногаҳон ду тир ба дарахти себи рӯйи ҳавлиямон зада ба самти дигар парид. Худованд раҳми кӯдаконамро хӯрд, агар он тир ба ман ё онҳо мерасид, чӣ мешуд? Дар тарафи чапи манзиламон хонаи қирғизҳо ҷойгир аст ва ин тир аз он ҷо омад. Аз 10-уми март ба ин тараф чанд низомии қирғиз дар ин ҳавлӣ камин гирифтаанд ва шабу рӯз аз он ҷо моро назорат мекунанд”,-гуфт ин сокини Чоркӯҳ.

Ҳодисаи тирпаронии неруҳои марзбонии қирғиз ба ҳавлии сокини деҳаи Сомониёни Чоркӯҳ, пас аз як рӯзи гуфтушуниди гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон рух дод. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Баъди гуфтушуниди ахир низ неруҳои қирғиз ба сӯйи хонаи як сокини деҳаи Сомониёни Чоркӯҳ тир задаанд

Бахши қирғизии Радиои "Озодӣ" – Azattyk дар такя ба дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии КДАМ-и Қирғизистон хабар дод, ки дар гуфтушуниди шанбеи 12-уми март фармондеҳони неруҳои марзбонии ду кишвар ба тавофуқ расиданд, ки ба низомиёни ҳар ду тараф  истифодаи силоҳро ба ҷуз ҳолатҳои махсус манъ кардаанд.

Дар ин гуфтушунид ҳайати Тоҷикистонро фармондеҳи нуруҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовинону раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва дигар сохторҳои қудратӣ намояндагӣ карданд. Ҷониби Қирғизистонро Абдикарим Алимбоев, раиси вилояти Бодканд, Уларбек Шаршеев директори Хадамоти марзбонӣ- муовини аввали КДАМ ва дигар нафарони расмӣ намояндагӣ карданд, ки гуфтушуниди ҷонибҳо дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон»-и шаҳри Исфара ҳудуди ҳафт соат тӯл кашид. Миёни фармондеҳони ду кишвар як санад (протокол) низ ба имзо расид, ки бархе аз муқаррароти нави марзбониро дар бар мегирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...