Шаҳри Алматои Қазоқистон – мизбони Ҷоми Осиё оид ба дучархаронӣ дар шоҳроҳ

Date:

Бо дастгирии Федератсияи дучархаронии Тоҷикистон ва пуштибонии молии ширкати Tcell дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дучархаронӣ барои иштирок дар Ҷоми Осиё оид ба дучархаронӣ дар шоҳроҳ, ки рӯзҳои 5-12 июн дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор гардид, сафарбар шуд.

Ба ҳайати тими яккачини Тоҷикистон оид ба дучархаронӣ 7 варзишгари синну солашон мухталиф шомил гардиданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар ин сабқати байналмилалӣ, узви дастаи миллӣ Ренат Батиршин дар бахши “Masters” аз  худ маҳорати олӣ нишон дода, соҳиби мақоми дуюм ва нишони нуқра гардид.

Дар сабқати гурӯҳӣ низ Ринат хуб ҳунарнамоӣ карда, ҷои дуюм ва медали нуқраро соҳиб гашт. Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби дучархоронони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё ба гирифтани ду нишони нуқра комёб гардида, мавқеъи худро дар раддабандии варзишӣ аз ин намуд беҳтар кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳошияи Ҷоми Осиё дар меҳмонхонаи мавсум ба  "Интерконтинентал"- и Алмато Конгресси солонаи Конфедератсияи Осиёии дучархаронӣ баргузор гардид, ки дар он кори он Президенти Федератсияи дучархаронии Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев ва Котиби генералии Федератсияи дучархаронии Тоҷикистон Исфандиёр Аюбов иштирок намуданд. Дар доираи ин Конгресс масъалаҳои марбути  дучархаронӣ дар қораи Осиё, роҳҳои рушду пешрафти он ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъаи муосир ба ин намуди варзиш баррасӣ гардид. Дар раванди иҷлосияи намояндагони Конфедератсияи Осиёӣ барои иштирок дар Конгресси Созмони дучархаронии байналмилаллӣ (UCI) интихоб гардиданд. Онҳо дар моҳи сентябри соли 2024 дар кишвари Шветсария дар доираи маҷлиси солонаи созмони байналмиллалӣ  (UCI) манфиатҳои дучархаронии қораи Осиёро ҳимоя намуда, дар овоздиҳии нақшаю чорабинии соли оянд, ҳамчун намоянда иштирок хоҳанд варзид. Қайд намудан ба маврид аст, ки Президенти Федератсияи дучархаронии Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев низ ба ин ҳайат ворид гардид.

Дар ҳамоиши ҷамъбастӣ дар мавриди баргузории Ҷоми Осиё оид ба дучархаронӣ дар шаҳри Душанбе “Dushanbe 2022” ёдовар гардида, оид ба рафти он дар сатҳи баланди ташкилию варзишӣ баҳои аъло дода шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (7)







Варзиши дучархаронӣ дар ҷумҳурӣ тайи солхои охир рӯ ба рушд оварда, дар байни дигар намудҳои варзиш ба таври назаррас инкишоф меёбад. Баргузории Ҷоми Осиё оид ба дучархаронӣ дар шоҳроҳ дар шаҳри Душанбе “Dushanbe 2022” барои такон додани ин риштаи варзиш ҳусни тоза бахшида, ба варзишкорони тоҷик ва масъулини ин намуди варзиш як дастурамал, ҷиҳати рушди соҳа гардидааст. 

Итминони комил дорем, ки ин бахши олимпии варзиш дар Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сохторҳои дахлдор ва масъулини Федератсияи дучархаронии кишвар қуллаҳои баланди варзиширо фатҳ хоҳад кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...