“Аз пардохти андоз озод мекунем”. Раиси ноҳияи Ҷайҳун барои соҳибкорони аз оташсӯзии бозор зарардида сабукӣ хост

Хисороти сӯхтори бозори ноҳияи Ҷайҳун тахминан 10 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст ва дар ин оташсӯзӣ беш аз 600 соҳибкори тоҷик зарар дидааст. Масъулин мегӯянд, ки ин бозор бо шароити замонавӣ аз нав бунёд карда мешавад ва то он муддат ҳама тоҷирони зарардида аз пардохти андоз озод гардидаанд. Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун ба “Азия-Плюс” гуфт, […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Хисороти сӯхтори бозори ноҳияи Ҷайҳун тахминан 10 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст ва дар ин оташсӯзӣ беш аз 600 соҳибкори тоҷик зарар дидааст. Масъулин мегӯянд, ки ин бозор бо шароити замонавӣ аз нав бунёд карда мешавад ва то он муддат ҳама тоҷирони зарардида аз пардохти андоз озод гардидаанд.

Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ ин сӯхтор ба 611 мағоза зарар расонидааст ва хисороти он пеш аз 10 миллион сомонӣ пешгӯӣ мешавад.

“Қисме аз соҳибкорон дар оғози оташгирӣ тавонистанд ҳудуди 60 фисади молу колояшонро аз мағозаҳо берун бароранд. Бо ин вуҷуд, соҳибкорони бозор зарари зиёди молӣ диданд”, – гуфт раиси ноҳияи Ҷайҳун.

Ӯ афзуд, ки шаби сӯхтор бо кумаки кормандони милитсия тавонистаанд, атрофи бозорро печонида маҳкам кунанд, то шаҳрвандону соҳибкорон вориди бозор нашаванд. Ҳамин тавр, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, дар пайи ин оташсӯзӣ ягон нафар ҷон набохтааст.

Сабаби ин сӯхтор дар бозори Ҷайҳун расиши ноқилҳои барқ гуфта мешавад. Гуфта мешавад, ки сӯхтори мазкур аз расиши симҳои кондитсионер дар як дӯкони фурӯши либосҳои занона сар задааст.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун гуфт, “бо қувваи худи ноҳия имрӯз бозорро аз боқимондаҳои коло ва масолеҳи сохтмонии сӯхта тоза карда истодаем. Бозори марказии ноҳия дар мувозинаи “Тоҷикматлубот” аст. Имрӯз мо бо намояндагони ин ташкилот вохӯрӣ доштем, ваъда карданд, ки бозорро аз нав ва мувофиқ бо шароити муосир бунёд мекунанд”.

Имтиёзҳо ба соҳибкорони зарардида

Фирдавсӣ Одинахоҷа, сардори нозироти андози ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, 611 нафар соҳибкоре, ки дар ин сӯхтор зарар дидаанд, то пурра барқарор шудани нуқтаҳои савдояшон аз пардохти андоз озод мешаванд.

“Моҳона аз ин бозор 508 ҳазор сомонӣ андоз ва ҳудуди 250 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоӣ ё фонди нафақа ба буҷа ворид мешуд. Ҳоло дар пайи ин оташсӯзӣ аз соҳибкорон андоз ситонида намешавад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ғайр аз ин, пешбинӣ мешавад, ки муҳлати қарзи соҳибкорони дар ин офат зарардида тамдид шавад.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода гуфт, ки ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун ба номи раиси вилояти Хатлон мактуб ирсол карда, хоҳиш намудааст, ки барои тамдиди қарзи соҳибкорон аз бонкҳои давлатӣ мусоидат кунанд.

“Соҳибкоронеро, ки имкон доранд, фаъолияташон идома диҳанд, дар маконҳои мувофиқи бозори марказии ноҳия ҷой карда истодаем. Мо ҳама кӯшишро ба харҷ медиҳем, то дар ин рӯзҳои вазнин ба соҳибкорон кумаки бевоситаи хешро расонем”,- таъкид кард Одиназода.

Ёдовар мешавем, ки тахминан соати 22:00-и шаби 1-уми июл дар бозори Ҷайҳун сӯхтор сар зада, дар муддати кӯтоҳ тамоми бозорро фаро гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.