Алишер Шукуров аз “Динамо”-и Тифлис ба “Вахш” гузашт

Футболбози мунтахаби Тоҷикистон ва тими “Динамо”-и Тифлис (Гурҷистон) Алишер Шукуров тариқи иҷора ба дастаи футболи “Вахш”-и Бохтар гузашт. Директори варзишии тим Муҳсин Муҳаммадлиев расман хабар дод, ки акнун ӯ муддати 6 моҳи оянда дар”Вахш” бозӣ хоҳад кард. “Алишер Шукуров тариқи иҷора дастаи “Динамо”-и Тифлисро тарк карда, шаш моҳи оянда дар ҳайати “Вахш”-и вилояти Хатлон ҳунарнамоӣ […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Футболбози мунтахаби Тоҷикистон ва тими “Динамо”-и Тифлис (Гурҷистон) Алишер Шукуров тариқи иҷора ба дастаи футболи “Вахш”-и Бохтар гузашт.

Директори варзишии тим Муҳсин Муҳаммадлиев расман хабар дод, ки акнун ӯ муддати 6 моҳи оянда дар”Вахш” бозӣ хоҳад кард.

“Алишер Шукуров тариқи иҷора дастаи “Динамо”-и Тифлисро тарк карда, шаш моҳи оянда дар ҳайати “Вахш”-и вилояти Хатлон ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ӯро ба даста хушомадед мегӯем!”, – иброз доштааст ӯ.

Айни замон Алишер ҳамроҳи дастаи “Вахш” дар мавзеи Сафед-Дара ҷиҳати омодагӣ ба бозиҳои даври дуюми чемпионат ва Ҷоми кишвар машқҳои назарияву ҷисмонӣ мегузаронад.

Ёдрас мекунем, ки аввали мавсим Шукуров бо яке аз дастаҳои маъруфи Гурҷистон – “Динамо”-и Тифлис ба муҳлати ду сол қарордод ба имзо расонид.

Дар тими мунтахаби Тоҷикистон Шукуров 6 бозӣ гузаронидааст. Дар Ҷоми футболи Осиё дар Қатар Алишер дар ҳамаи 5 вохӯрӣ дар маҷмӯъ 459 дақиқа бозӣ кард. Ин футболбозро коршиносон ва мухлисон чеҳраи наву ояндадор дар мунтахаби Тоҷикистон номиданд.

Дар ҳайати дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар мавсими соли 2021 Шукуров дар 36 бозӣ иштирок кард. 17 октябри соли 2023 бори нахуст дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо Малайзия иштирок карда, дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 дастболо шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.