Дар Душанбе корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии “Нонпаз” ба истифода дода шуд

Имрӯз, 16 июл бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии ҶДММ “Нонпаз” мавриди истифода қарор гирифт. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҶДММ “Нонпаз” аз солҳои 30-юми қарни гузашта фаъолият дошт ва бо пешрафти […]

Asia-Plus

Имрӯз, 16 июл бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии ҶДММ “Нонпаз” мавриди истифода қарор гирифт.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҶДММ “Нонпаз” аз солҳои 30-юми қарни гузашта фаъолият дошт ва бо пешрафти замону рушди ҷомеа тамоми дастгоҳу таҷҳизоти он корношоям гардида буд.

Гуфта мешавад, имрӯз дар корхонаи “Нонпаз” беш аз 80 намуди маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла нон, батон, баггет, кулчаҳои қандин, торт, круассан, шириниҳои варақӣ ва амсоли инҳо истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 40 тонна маҳсулоти нонӣ ва 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ мебошад.

Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти насбшуда истеҳсоли насли нав буда, аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид гардидааст, ки аз ҷиҳати самаранокии неруи барқ каммасраф ва бисёрфунксионалӣ мебошанд.

Тавре иттилоъ доданд, бо пурра ба истифода додани корхонаи нонию қаннодии “Нонпаз” теъдоди кормандон аз 200 то ба 400 нафар расонида мешавад, ки дар ин замина иқтидори истеҳсолӣ низ ба маротиб зиёд хоҳад шуд.

Барои ба фурӯш баровардани маҳсулоти ниҳоӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ташкили 24 нуқтаи фурӯш дар назар дошта шудааст ва барои анҷоми хизматрасонӣ мошинҳои хизматӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Мавриди зикр аст, ки намои зоҳирии бино бо усулҳои нави меъморӣ бунёд ва чароғон шудааст. Саҳн ва атрофи корхона сабзкорӣ шуда, ҳамчунин роҳравҳои берунии он ва таваққуфгоҳ, асфалтпӯш гардидааст.

Корхона дар масоҳати 4 ҳазору 800 метри мураббаъ доман густурда, аз ҷониби соҳибкори ҷавон Усмон Мирзоалиев бунёд гардидааст. Иншоот аз сехҳои алоҳидаи истеҳсолӣ иборат буда, ҳуҷраҳои роҳбарият, муҳосибот, фурӯш, маҷлисгоҳ ва ошхона барои 100 нафар дар бинои маъмурии дуошёна ҷойгир карда шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.