Аъзам Ғаффоровро дар рақобат барои 1 млн доллар размикори дигари тоҷик иваз мекунад.

Дар робита ба ҷароҳат бардоштан, намояндаи Тоҷикистон дар рақобати нимфиналӣ дар вазни сабуктарин муқобили чемпион Курбан Гаджиев (19-3) аз Русия иштирок намекунад. Дар ин бора Лигаи АСА хабар медиҳад. Худи Ғаффоров аз иштирок накарданаш дар қувваозмоӣ изҳори таассуф намуда, лекин гуфтааст, ҳамааш ҳоло дар пеш аст. Ғаффоров изҳори хушнудӣ намудааст, ки ба ҷойи ӯ дар […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар робита ба ҷароҳат бардоштан, намояндаи Тоҷикистон дар рақобати нимфиналӣ дар вазни сабуктарин муқобили чемпион Курбан Гаджиев (19-3) аз Русия иштирок намекунад. Дар ин бора Лигаи АСА хабар медиҳад. Худи Ғаффоров аз иштирок накарданаш дар қувваозмоӣ изҳори таассуф намуда, лекин гуфтааст, ҳамааш ҳоло дар пеш аст.

Ғаффоров изҳори хушнудӣ намудааст, ки ба ҷойи ӯ дар қувваозмоӣ ҳамдаста ва ҳамдиёраш ба майдон мебарояд ва мухлисонро ба дастгирӣ даъват кардааст.

Ба ҷойи Ғаффоров размикори ҷавони тоҷик Анис Ёқубов (8-1) рақобат мекунад. Ӯ силсилаи иборат аз 3 ғалаба дар раунди якум дорад. Ба ғолиби финали Гран-прии АСА 1 млн доллар мукофотпулӣ тақдим мешавад.

“Вақте ки пешниҳоди дар як рӯз тағйир ёфтани ҳаётат мешавад, рад кардани он аблаҳист. Ман зина ба зина барои дарёфти ин камарбанд талош варзидам ва ҳозир имкон пайдо кардам, ки ҳам камарбанди чемпиони АСА, камарбанди чемпионаи Гран-при ва илова бар ин пули зиёд ба даст орам. Танҳо ду раунд илова шуд. Ҳарифам аз лиҳози услуб ба рақибе, ки ман ба ӯ омодагӣ мегирифтам, монанд аст. Бигзор Гаджиев ба раундҳои бисёр умед набандад, ман қувваозмоиро тӯлонӣ карданӣ нестам”, – гуфтааст Анис Ёқубов.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи АСА 178 бо иштироки варзишгарони тоҷик якчанд қувваозмоӣ доир мегардад. Дар яке аз қувваозмоиҳои пешакӣ тоҷикони ду сӯйи Ому – Оятулло Муминов ва Абдул-Карим Бадахшӣ рақобат мекунанд. Оятулло Тоҷикистонро намояндагӣ карда, Бадахшӣ аз ҷониби Афғонистон ба қувваозмоӣ мебарояд. Дар ин мусобиқа ҳамчунин дигар варзишгарони тоҷик Беҳрӯз Зуҳуров, Давлатманд Чӯпонов ва Искандар Мадалиев низ рақобат мекунанд.

Рӯйхати ҳамаи ҷуфтҳои мусобиқа чунин аст:

Кард (рақобатҳо)-и асосӣ

Евгений Гончаров (20-3) Русия – Адам Богатирев (9-3) Русия

Курбан Гаджиев (19-3) Русия – Анис Ёқубов (8-1) Тоҷикистон

Гаджимурад Хиромагомедов (11-4) Русия – Рене Пессоа (25-10) Бразилия

Руслан Шамилов (12-5) Русия – Тилек Машрапов (12-5) Қирғизистон

Карди пешакӣ

Виталий Слипенко (16-5) Русия – Винитсиус Круз (10-4) Бразилия

Анатолий Бойко (10-1) Русия – Узаир Абдураков (17-1-1) Русия

Беҳрӯз Зуҳуров (16-6) Тоҷикистон – Глеб Хабибуллин (9-1-2) Русия

Давлатманд Чӯпонов (10-5) Тоҷикистон – Шергази Кенжибаев (5-3) Қирғизистон

Оятулло Муминов (12-3) Тоҷикистон – Абдул-Карим Бадахшӣ (7-2) Афғонистон

Данияр Тойчубек (8-0) Қирғизистон – Александро Прайя (10-3) Бразилия

Искандар Мамадалиев (4-1) Тоҷикистон – Николай Алексахин (25-7) Русия.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.