Як шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Алмато мадрасаи пинҳонӣ ташкил кардааст

Date:

Зодаи Тоҷикистон дар вилояти Алматои Қазоқистон мадрасаи ғайриқонунӣ (пинҳонӣ) ташкил карда, дар он 19 нафар кӯдакон таълими динӣ мегирифтаанд. Дар ин бора Zakon.kz хабар медиҳад.

"Мақомоти додситонии ноҳияи Қарасай дар ҳамдастӣ бо додситонии вилояти Алмато дар доираи лоиҳаи "Кӯдакии хушбахт ва бехатар" якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти ваколатдор мадрасаи ғайриқонунии диниро, ки дар он 19 кӯдак таълим мегирифтанд, ошкор карданд", – омадааст дар хабар.

Мадраса дар қаламрави манзили хухусӣ амал карда, шаҳрванди Тоҷикистон бо истифода аз адабиёти динӣ кӯдаконро таълим медодааст.

МЕДИА (IFRAME)

“Дар ҷараёни азназаргузаронӣ 178 нусха адабиёти динӣ, инчунин телефони мобилӣ ва ноутбук дарёфт ва мусодира шуда, ба ташхис фиристода шуданд, – хабар медиҳад додситонии вилоят. – Масъалаи ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани боздоштшуда мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳамаи кӯдакон ба волидонашон баргардонида шуданд”.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Уфа (Русия) хабар дода шуда буд, ки 16 нафар кӯдаконро дар хона нигоҳ медоштанд. Мардон дар ин хона мадрасаи ғайриоқонунӣ ташкил карда буданд.

Ҳодисаи ба ин монанд дар Қирғизистон ҳам рух дода, он ҷо низ шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуд. Рӯзи 11 июл дафтари мтбуоти КДАМ Қирғизистон дар бораи ошкор шудани ду лагери ғайриқонунии динӣ дар Бишкек хабар дод.Тибқи маълумоти хадамоти махсус, ин муассисаҳо бидуни қайд дар Комиссияи давлатии умури дин фаъолият доштанд. Дар ин лагерҳо 110 нафар кӯдакон – писарону духтарони синни аз 6 то 17-сола таҳсил мекарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...