Дар ним сол зиёда аз 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шуданд

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 3 ҳазору 400 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 24 июл директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Ҳабибулло Назарзода хабар дод. Ӯ таъкид дошт, ки сабаби асосии чунин амалҳо ошкор шудани хатогиҳо дар ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони кишвар буда, “ин ҷо ягон ангезаи сиёсӣ нест”. […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 3 ҳазору 400 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 24 июл директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Ҳабибулло Назарзода хабар дод.

Ӯ таъкид дошт, ки сабаби асосии чунин амалҳо ошкор шудани хатогиҳо дар ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони кишвар буда, “ин ҷо ягон ангезаи сиёсӣ нест”.

«Сабаби манъи вуруд ба қаламрави Русия дар баъзе мавридҳо набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ мебошад. Дар ҳолатҳои дигар: ба назди кӣ мераванд – номаълум, ҷои кор – номаълум. 95% одамоне, ки мераванд, медонанд, ки ба куҷо ва бо кадом мақсад, аммо ба саволҳо ҷавоб дода наметавонанд, намедонанд, ки чӣ бояд ҷавоб диҳанд. Баъзеҳо, шояд, ҳангоми пурсиш саросема мешаванд. Ин аст ҳамаи сабабҳо, ангезаи сиёсӣ нест».

Пас аз содир гардидани амали террористӣ дар «Крокус Сити Холл»-и Маскав, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар мешаванд, шароит барои ҳам муҳоҷирони аллакай дар қаламрави Русия қарордошта ва ҳам барои онҳое, ки ба он ҷо рафтанӣ ҳастанд, шадидтар шуд.

Қобили зикр аст, ки ахиран шикоятҳои муҳоҷирони тоҷик дар бораи мушкилоти вуруд ба Русия зиёд шудааст. Даҳҳо муҳоҷирон шикоят карданд, ки онҳоро дар фурудгоҳҳои Русия ва нуқтаҳои марзи заминӣ бо баҳонаҳои гуногун боздошт мекунанд.

Аз ҷумла, дар ин маводи “Азия-Плюс” муҳоҷироне, ки вурудашонро ба Русия иҷоза надоданд, аз ҳодисаи ба он дучоршудаашон изҳори назар карданд.

Дар бораи сабабҳои манъи вуруд ба Русия на ҷониби Тоҷикистон ва на ҷониби Русия расман чизе намегӯянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио