Дар шаҳрдории пойтахт чӣ гуна мехоҳанд мушкили ифлосшавии кӯчаҳоро бартараф кунанд?

Дар шаҳрдории Душанбе мавҷуд будани мушкилоти марбут ба ифлосшавии кӯчаҳои пойтахтро эътироф карда, зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, ки чӣ гуна мехоҳанд ин мушкилотро бартараф кунанд. Зикр шуд, ки шаҳрдорӣ ният дорад ба корҳо дар мавриди партов ва ифлосиҳо дар кӯчаҳои Душанбе тақвият бахшад, аз ҷумла миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор кунад. Дар ин бора […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Дар шаҳрдории Душанбе мавҷуд будани мушкилоти марбут ба ифлосшавии кӯчаҳои пойтахтро эътироф карда, зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, ки чӣ гуна мехоҳанд ин мушкилотро бартараф кунанд.

Зикр шуд, ки шаҳрдорӣ ният дорад ба корҳо дар мавриди партов ва ифлосиҳо дар кӯчаҳои Душанбе тақвият бахшад, аз ҷумла миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор кунад.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода изҳори назар кард.

Дар бораи дигар тадбирҳо оид ба бартараф намудани мушкили партовҳо дар шаҳр муоовини раиси шаҳр дигар чизе нагуфт.

Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 6 моҳ нисбати шаҳрвандоне, ки партовҳоро дар ҷойҳои барои он пешбининашуда мепартоянд, 806 протокол тартиб дода шудааст.

Дар посух ба савол дар бораи норасоии контейнерҳо (зарфҳо)-и ҷамъоварии партов ӯ хабар дод, ки имрӯз дар пойтахт 18 ҳазору 600 контейнери ҷамъоварии партов, аз ҷумла 563-то дар назди хонаҳои баландошёна гузошта шудааст.

“Дар зарфи 6 моҳи соли равон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист 71 аксияи рӯбучин ва тозакунии маҳаллаҳо, 43 аксияи “Соҳили тоза”, инчунин 63 аксияи “Тозагии роҳҳо” гузаронида шуд”, – хабар дод Раҳимзода.

Баҳори имсол дар 50 нуқтаи ҷамъоварии партови шаҳри Душанбе дар микрорайонҳо камераҳои мушоҳидавӣ насб шуданд. Назорат аз ҷониби Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидаи видеоӣ дар назди Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе амалӣ мешавад.

Ахиран сокинони Душанбе ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарчи бештар дар бораи берун набаровардани партовҳо шикоят мекунанд. Қариб дар ҳама мавзеъҳои шаҳр худсарона ҷойҳои ҷамъоварии партов пайдо мешаванд.

Дар бораи ифлосшавии кӯчаҳо ба куҷо мебояд муроҷиат кард?

Нисбати шахсоне, ки дар ҷойҳои барои ин пешбининашуда партов мепартоянд, мустақиман метавон ба “телефони боварӣ”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист муроҷиат кард: +992 777162275 (WhatsApp и Telegram) ва +992 919030170 (WhatsApp и Telegram).

Бо ин рақамҳо дар бораи мушкилоти марбут ба партов, буридани дарахтҳо ва дигар мушкилоти вобаста ба муҳити зист муроҷиат кардан мумкин аст. Ҳамчунин ирсоли сурат ва видео имкон дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.