Вилояти Хатлон аз лиҳози мусодираи маводи нашъаовар пешсаф аст

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Самад Зафар Тағой зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки аз ҳаҷми умумии маводи нашъаовари дар нимсолаи аввал мусодирашуда дар ҷумҳурӣ 44,6%-аш ба ҳиссаи вилояти Хатлон рост меояд. Директори Агентӣ зикр кард, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 3 тоннаву 96 килою 61 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Самад Зафар Тағой зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки аз ҳаҷми умумии маводи нашъаовари дар нимсолаи аввал мусодирашуда дар ҷумҳурӣ 44,6%-аш ба ҳиссаи вилояти Хатлон рост меояд.

Директори Агентӣ зикр кард, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 3 тоннаву 96 килою 61 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 619 кило ё худ 25% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

“Қисми зиёди ин мавод дар вилояти Хатлон, бахусус дар минатқаҳои наздисарҳадӣ мусодира шудааст, ки ба он ҷо тариқи қочоқ аз Афғонистон ворид мешавад. Дар ин давра дар ин минатқа 1 тоннаву 381 кило маводи нашъаовар мусодира шуд, ки аз ҳаҷми умумии маводи мусодирашуда, 44,6%-ро ташкил медиҳад”, – гуфт ӯ.

Ғайр аз ин, дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар зарфи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 13 ҳазору 731 дона ҳаб (таблетка)-и психотропӣ мусодира шудааст, ки 4,6 баробар ( 10 ҳазору 776 ҳаб) зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст.

Ҳамчунин аз оғози сол 84 кило маводи психотропӣ дар шакли хока мусодира шудааст, ки 80 килою 977 грамми онро метамфетамин ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Агентӣ изҳор дошт, ки дар кишвар озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо)-и истеҳсоли маводи нашъаовар мавҷуд нестанд ва мавод тариқи қочоқ аз хориҷа, бахусус аз Афғонистон ворид мешавад.

Ӯ таъкид дошт, ки байни мақомоти зидди маводи мухаддири Тоҷикистон ва Афғонистон ҳеҷ гуна ҳамкорие ба роҳ монда нашудааст, аз ин рӯ ягон амалиёт ё чорабиниҳои муштарак гузаронида намешаванд.

Давоми ним сол дар Тоҷикистон барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 10 шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудаанд, ки 5 нафар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст. Аз боздошудаҳо зиёда аз 235 кило маводи мухаддир мусодира шудааст. Миёни онҳо 5 нафар шаҳрванди Афғонистон, 3 нафар – шаҳрванди Ӯзбекистон, 1 нафар – шаҳрванди Қазоқистон ва 1 нафар – шаҳрванди Қирғизистон будаанд.

Бино ба маълумоти Агентӣ, тибқи маълумоте, ки ба Агентӣ аз дигар кишварҳо мерасад, дар нимсолаи аввал 528 тоҷикистонӣ (6 моҳи соли 2023 – 610 нафар) дар қаламрави дигар кишварҳо боздошт ва аз онҳо 96 кило маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр шуд, ки мисли солҳои пешин теъдоди зиёди боздоштшудагон аз Тоҷикистон дар Русия – 502 нафар, дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон – 3 нафарӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.