Марги се мусофири дигари садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Мастчоҳ

Пас аз як рӯзи садамаи нақлиёти пурқурбонӣ дар роҳи Хуҷанд – Мастчоҳ, ки боиси марги 7 нафар, аз ҷумла 5 узви як хонавода гардида буд, 3 мусофири дигари ба беморхона интиқолёфта низ ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора маъули матбуоти раиси ноҳияи Мастчоҳ Фитрати Ҳикмат ба Asia-Plus иттилоъ дод.. Ӯ гуфт, се мусофири дар садамаи […]

Пас аз як рӯзи садамаи нақлиёти пурқурбонӣ дар роҳи Хуҷанд – Мастчоҳ, ки боиси марги 7 нафар, аз ҷумла 5 узви як хонавода гардида буд, 3 мусофири дигари ба беморхона интиқолёфта низ ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин бора маъули матбуоти раиси ноҳияи Мастчоҳ Фитрати Ҳикмат ба Asia-Plus иттилоъ дод..

Ӯ гуфт, се мусофири дар садамаи нақлиёти ҷароҳатбардошта, ки ба беморхона интиқол ёфта буданд, пас аз як рӯзи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҳамин тавр, ҳамаи 10 мусофири ду нақлиёти ба садама дучоршуда ҷон бохтанд.

Бояд гуфт, ки садамаи нақлиётии пурқурбонӣ 24-уми июл дар роҳи Хуҷанд – Мастчоҳ рух дод. Он замон як кирокаш бо нақлиёти як сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрд.

Дар пайи он 7 нафар, аз ҷумла 5 узви як оила ба ҳалокат расиданд. Се мусофири кирокаш он замон бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфта буданд.

5 аъзои оилаи ҷонбохта сокинони ҷамоати деҳоти Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ буда, субҳи 24-уми июл барои пешвози фарзандашон ба Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд рафта, аз онҷо бармегаштанд. Дар роҳи даромадгоҳи ноҳия нақлиёти онҳо бо кироякаш (таксӣ), ки самти ҳаракаташ Ойбек – Душанбе буд, бархӯрд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.