Марги се мусофири дигари садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Мастчоҳ

Date:

Пас аз як рӯзи садамаи нақлиёти пурқурбонӣ дар роҳи Хуҷанд – Мастчоҳ, ки боиси марги 7 нафар, аз ҷумла 5 узви як хонавода гардида буд, 3 мусофири дигари ба беморхона интиқолёфта низ ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин бора маъули матбуоти раиси ноҳияи Мастчоҳ Фитрати Ҳикмат ба Asia-Plus иттилоъ дод..

Ӯ гуфт, се мусофири дар садамаи нақлиёти ҷароҳатбардошта, ки ба беморхона интиқол ёфта буданд, пас аз як рӯзи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҳамин тавр, ҳамаи 10 мусофири ду нақлиёти ба садама дучоршуда ҷон бохтанд.

Бояд гуфт, ки садамаи нақлиётии пурқурбонӣ 24-уми июл дар роҳи Хуҷанд – Мастчоҳ рух дод. Он замон як кирокаш бо нақлиёти як сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрд.

Дар пайи он 7 нафар, аз ҷумла 5 узви як оила ба ҳалокат расиданд. Се мусофири кирокаш он замон бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфта буданд.

5 аъзои оилаи ҷонбохта сокинони ҷамоати деҳоти Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ буда, субҳи 24-уми июл барои пешвози фарзандашон ба Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд рафта, аз онҷо бармегаштанд. Дар роҳи даромадгоҳи ноҳия нақлиёти онҳо бо кироякаш (таксӣ), ки самти ҳаракаташ Ойбек – Душанбе буд, бархӯрд.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...