Пешниҳоди тамдиди муҳлати хидмати ҳарбӣ барои хориҷиёне, ки шиносномаи Русия гирифтаанд

Думаи давлатии Русия то охири иҷлосияи баҳорӣ, ки 4 август ба охир мерасад, қабули тағйирот ҷиҳати то ду сол дароз кардани муҳлати хидмати ҳарбӣ барои шаҳрвандони хориҷиро, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, инчунин боло бурдани синнусоли даъвати ҳарбии онҳоро ба нақша гирифтааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Думаи давлатӣ хабар медиҳад. Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав […]

Asia-Plus

Думаи давлатии Русия то охири иҷлосияи баҳорӣ, ки 4 август ба охир мерасад, қабули тағйирот ҷиҳати то ду сол дароз кардани муҳлати хидмати ҳарбӣ барои шаҳрвандони хориҷиро, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, инчунин боло бурдани синнусоли даъвати ҳарбии онҳоро ба нақша гирифтааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Думаи давлатӣ хабар медиҳад.

Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин пешниҳод намудааст, ки ташаббуси қонунгузории марбут барои ба қайди ҳарбӣ гузоштани муҳоҷирон таҳия шавад. Дар назар аст, ки ба қайди ҳарбӣ гузоштан метавонад шарти қабул ба шаҳрвандии Русия гардад. Пешбинӣ мегардад, ки ба қайди ҳарбӣ гузоштан дар як вақт бо гирифтани шиносномаи шаҳрванди Русия сурат мегирад.

Қаблан як гурӯҳи вакилон аз Ҳизби либералӣ-демократии Русия ва “Единая Россия” (Русияи воҳид) пешниҳод карданд, ки синнусоли даъват барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, то 50-сола боло бурда шавад, лекин пас аз интиқоди Володин, лоиҳаи қонуни мазкур аз парлумон бозхонд шуд.

Мувофиқи қонунгузории Русия, шаҳрванди хориҷӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтааст, бояд дар муддати ду ҳафта аз замони бақайдгирӣ дар маҳалли зист, худро ба қайди ҳарбӣ гузорад. Ҳадди ниҳоии синнусоли даъват барои шаҳрвандони Русия 30-соларо ташкил медиҳад. Аз соли 2008 муҳлати хидмати ҳарбии ҳатмӣ барои шаҳрвандони Русия 12 моҳ муқаррар шудааст.

Раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин моҳи июн хабар дода буд, ки қариб 100 ҳазор муҳоҷироне, ки шиносномаи Русия гирифтаанд, ба минтақаи “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ба Украина фиристода шудаанд. Ӯ зикр кард, ки зимни ҷалби муҳоҷирон ба кор бояд масъалаи амнияти миллӣ дар мадди аввал бошад.

Тибқи маълумоти ВКД Русия, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2023 зиёда аз 318 ҳазор нафар хориҷиён, асосан зодагони Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио