Ошкор шудани 138 ҳолати монеъа эҷод кардан барои таҳсили ҳатмии фарзандон дар Тоҷикистон

Дар нимсолаи аввали соли 2024 мақомоти прокуратураи Тоҷикистон 138 ҳолати монеъа эҷод кардан барои таҳсили ҳатмии фарзандонро ошкор кард. Тавре ки додситони кулли ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон хабар дод, ҳамчунин 230 ҳолати таҳсили ғайриқонунии динӣ “бо иштироки 329 нафар, аз ҷумла 177 ноболиғ” ошкор шудааст. Давоми моҳҳои январ-июн барои риоя нашудани меъёрҳои қонун “Дар бораи танзими […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли 2024 мақомоти прокуратураи Тоҷикистон 138 ҳолати монеъа эҷод кардан барои таҳсили ҳатмии фарзандонро ошкор кард.

Тавре ки додситони кулли ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон хабар дод, ҳамчунин 230 ҳолати таҳсили ғайриқонунии динӣ “бо иштироки 329 нафар, аз ҷумла 177 ноболиғ” ошкор шудааст.

Давоми моҳҳои январ-июн барои риоя нашудани меъёрҳои қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” 1100 парвнада ва барои нақзи меъёрҳои қонун “Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд” – 3809 парванда оғоз шудааст.

Масъулият бештар шуд

Пештар аз ин дар Тоҷикистон барои риоя накардани меъёрҳои қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷаримаҳои калон муқаррар шуданд. Тағйирот ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди амал қарор гирифт, ки дар онҳо барои нақзи ин меъёрҳо то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ мешавад.

Ҳамчунин дар кишвар ба қонун дар бораи масъулият волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд тағйиру ислоҳҳо ворид шуданд. Дар он мафҳумҳои “таълим”, “тарбия” ва “шахсони ивазкунандаи волидон” саҳеҳ шарҳ дода мешаванд. Ин ба саҳеҳу дақиқ муайян кардани уҳдадориҳои ҳамаи иштирокчиёни ҷараёни таълим бо шумули волидону омӯзгорон ва мақомоти давлатӣ кумак мекунад.

Дар қонун бар зидди ифротгароӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳо нисбати кӯдакон моддаҳои нав ворид карда шуданд. Доир ба пешгирии поймолкунии ҳуқуқҳо ва хориҷ кардан аз ҷараёни таълим тибқи мансубият ба нажоду миллат ва дин, инчунин вазъи иҷтимоӣ тадбирҳо ҷорӣ шуданд. Ҳамчунин ба кӯдаконми дорои талаботи мхсус ва дар вазъи душвори иҷтимоӣ қарордошта таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Мувофиқи тағйироти ахир ба моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, агар кӯдак агар ба машғулиятҳо наомада, дар се моҳ соатҳои ҳозир нашудани ӯ ба дарсҳо зиёда аз 50 соатро ташкил диҳад, ҳаҷми ҷарима аз 10 то 12 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 720 то 864 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Дар ин маводи мо дар бораи меъёрҳои нав ва ҳаҷми ҷаримаҳо маълумоти муфассалтар қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.