Ашраф Гулов, домоди президент сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб шуд

Ашраф Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, ки то ин дам сафири Тоҷикистон дар Туркия буд, аз ин симмат озод ва сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъин гардид. Дар ин бора фармони президент, имрӯз, 16-уми август ба имзо расид, хабар медиҳад, Хадамоти матбуотии президенти кишвар. Ашраф Гулов, ки тақрибан як ҳафта қабл ваколати сафириаш […]

Asia-Plus

Ашраф Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, ки то ин дам сафири Тоҷикистон дар Туркия буд, аз ин симмат озод ва сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъин гардид. Дар ин бора фармони президент, имрӯз, 16-уми август ба имзо расид, хабар медиҳад, Хадамоти матбуотии президенти кишвар.

Ашраф Гулов, ки тақрибан як ҳафта қабл ваколати сафириаш дар Туркия ба охир расида буд, ба ҷои Баҳодур Шарифӣ, ки то ин дам сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб буд, фиристода дар ин кишвар таъин гардид.

Баҳодур Шарифӣ бо “сабаби ба кори дигар гузаштан” аз ин мансаб озод шуд. Ӯ ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Баҳрайн буд. Ҳоло маълум нест, ки Ашраф Гулов ҳам ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Баҳрайн таъин гардида ё не.

Ҳамчунин, маълум нест, ки Баҳодур Шарифӣ баъди барканорӣ ба чӣ мансабе таъин гардидааст.

Ашраф Гулов моҳи июли соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин шуда буд. Ӯ аз ин пеш дар мақоми Консули Тоҷикистон дар Русия кор карда буд ва то таъин шудан ба мақоми сафир дар Туркия сардори яке аз раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷӣ буд. 

Муҳлати кори дипломатҳои Тоҷикистон дар хориҷ се сол аст. Баъзе сафирон солҳои дароз кор мекунанд, баъзеи дигар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла таъин шудан ба мансаби нав, бозхонд мешаванд.

Ашраф Гулов ҳамсари Парвина Раҳмонова яке аз духтарҳои Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ӯ ҳам дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекунад ва дар гузашта муовини сардори яке аз раёсатҳои ин ниҳод буд.  Ашраф Гулов писари Шералӣ Гул вазири пешини энергетика ва саноати Тоҷикистон аст. 

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 16-уми август Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва ҶСК  “Барқи Тоҷик” тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.