Мансаби нави вазири пешини фарҳанг ва тағйироти дигари кадрӣ дар ВКД, Вазорати мудофиа, “Барқи тоҷик” ва Дастгоҳи президент

Имрӯз, 16-уми август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва ҶСК  “Барқи Тоҷик” тағйироти кадрӣ ба амал овард. Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии президенти кишвар, бо фармонҳои раисҷумҳур ва қарорҳои ҳукумат Ҷамшед Сафарзода ва Саидасрор Абдуллозода дар ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон вазифа гирифтанд ва Нуралӣ Асозода, […]

Asia-Plus

Имрӯз, 16-уми август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва ҶСК  “Барқи Тоҷик” тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии президенти кишвар, бо фармонҳои раисҷумҳур ва қарорҳои ҳукумат Ҷамшед Сафарзода ва Саидасрор Абдуллозода дар ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон вазифа гирифтанд ва Нуралӣ Асозода, мовини якуми вазири кишоварзӣ таъин гардид.

Нуралӣ Асозода Маҳмадулло моҳи январи соли равон "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон озод шуда буд.

Ҳамчунин, бо амрҳои президенти Одинашоҳ Вализода аз вазифаи сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими дастгоҳи президент ва Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода аз вазифаи сардори раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳ аз вазифа озод шуданд.

Сабаби барканории онҳо “бинобар сабаби расидан ба синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ” гуфта шудааст.

Бо амрҳои дигари президент,

Маҳмуд Ҷумъазода, мушовири калони бахши ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ;

Салим Салимзода, сардори раёсати кишоварзии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон;

Зулфия Давлатзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон;

Маҳмуд Амирзода, сардори раёсати рушди инфрасохтори дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон;

Сайазам Қодирзода, сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон;

Хуршед Арабзода, сардори КВД “Таъмиру сохтмонӣ”-и дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон,

Тоҷиддин Раҳимзода, муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон;

Фарҳод Собирзода, директори КВД комплекси табъу нашри “Шарқи озод”-и дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон

таъин гардиданд.

Ҳамчунин, дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон намояндаи ваколатдори ВКД дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо иваз шуд.

Кӣ ба ин вазифа таъин гардид, ҳоло маълум нест.

Ба ғайр аз ин, сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Варзобу Тоҷикобод ҳам иваз шуданд.

Ҳамчунин, муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Кушониён, Левакант, Шаҳринав, Зафаробод, Спитамен ва Ашт нав шуданд.

Директори гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ”-и ҶСК “Барқи Тоҷик” ҳам иваз шуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуотии президент, ба ин вазифаҳо “кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва дорои таҷрибаи роҳбарӣ таъин карда шуданд”.

Зимни суҳбат, Эмомалӣ Раҳмон “онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона, дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои давлату мардуми Тоҷикистон, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ, таъмини волоияти қонун, тарбияи кадрҳои ҷавон, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва баланд бардоштани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳидоят” кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.