Мулоқоти навбатии ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон дар Ботканд

Ҳафтаи гузашта мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ, аз 11 то 17-уми августи соли 2024, дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Қирғизистон вохӯрии навбатии […]

Asia-Plus

Ҳафтаи гузашта мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, аз 11 то 17-уми августи соли 2024, дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

“Дар доираи вохӯрӣ, ҷонибҳо муҳокимаро идома дода, оид ба тавсифи минтақаҳои боқимондаи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули пешниҳодҳо намуданд”, – менависад ин хабаргузорӣ.

Аммо мушаххасан баҳсҳо сари кадом қитъаҳои баҳснок идома карда, чӣ пешниҳод ироа гардид, зикр намешавад.

Танҳо зикр мешавад, ки ҷонибҳо корҳоро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.

Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид. Вале муҳтавои протоколи имзошуда маълум нест.

Бояд гуфт, ин мулоқоти дуюми ҳайати ду кишвар дар моҳи август аст. Пештар аз ин низ ҳайати ду кишвар дар Бонтканд мулоқот карда буданд ва дар он асосан масоили тақсими об баррасӣ гардида буд.

Аввали ҳамин моҳ зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев изҳор намуд, ки дар масъалаи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистон "як қатор ҷузъиёт боқӣ мондаанд", ки ҳоло дар марҳилаи мувофиқа қарор доранд ва дар кӯтоҳтарин муддат – ду-се моҳи оянда роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд.

Охири моҳи гузашта  бошад, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода буд, ки 94 дарсади хатти сарҳад пурра муайян шудааст.

Бояд гуфт, тайи чанд моҳи ахир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Аммо ҷузъиёти музокирот ошкор намешавад.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад.  Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.