Ҳарифони дастаҳои Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 маълум шуданд

Дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2024/25 баргузор шуд, ки дар он рақибони бошгоҳҳои Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб муайян шуданд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар натиҷаи қуръакашӣ қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол» шомили гурӯҳи «С» шуд. Рақибони бошгоҳи шаҳри Душанбе дастаҳои «Сипоҳон» (Эрон), «Шарҷа» (АМА) ва […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2024/25 баргузор шуд, ки дар он рақибони бошгоҳҳои Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб муайян шуданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар натиҷаи қуръакашӣ қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол» шомили гурӯҳи «С» шуд. Рақибони бошгоҳи шаҳри Душанбе дастаҳои «Сипоҳон» (Эрон), «Шарҷа» (АМА) ва «Ал-Ваҳдат» (Урдун) гардиданд.

Барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон-2023 «Равшан»-и Кӯлоб дар гурӯҳи «А» бо бошгоҳҳои «Ал-Вақра» (Қатар), «Трактор» (Эрон) ва «Моҳун Баган» (Ҳиндустон) бозӣ мекунад.

Гуфта мешавад, бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО-2024/25 ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Ҳарифон дар даврҳои баъдӣ мувофиқи ҷойи ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо (1 ва 2-юм) муайян карда мешаванд, яъне дастаи 1-уми як гурӯҳ бо дастаи 2-юми гурӯҳи дигар. Шурӯъ аз даври чаҳорякниҳоӣ ҳарифон тариқи қуръапартойӣ муайян карда мешаванд.

Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб – тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.

Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи баргузида (элита ё зӯртарин) бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок кунанд.

Ҷадвали бозиҳои дастаҳои Тоҷикистон дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳо:

«Равшан»

18 сентябр – «Моҳун Баган» (дар сафар)

2 октябр – «Ал-Вақра» (дар майдони худ)

23 октябр «Трактор» (дар сафар)

6 ноябр «Трактор» (дар майдони худ)

27 ноябр «Моҳун Баган» (дар майдони худ)

4 декабр «Ал-Вақра» (дар сафар)

«Истиқлол»

17 сентябр «Шарҷа» (дар майдони худ)

1 октябр «Сипоҳон» (дар сафар)

22 октябр «Ал-Ваҳдат» (дар майдони худ)

5 ноябр «Ал-Ваҳдат» (дар сафар)

26 ноябр «Шарҷа» (дар сафар)

3 декабр «Сипоҳон» (дар майдони худ).

Лигаи баргузида (1-ум, элита ё олӣ)-и қаҳрамонҳо меросбари Лигаи ҳозираи қаҳрамонҳо ва Лигаи дуюми қаҳрамонҳо (2-юм) идомаи Ҷоми AFC аст. Лигаи нави даъват (3-юм) дар навбати худ меросбари Ҷоми президенти КФО мешавад, ки соли 2015 барҳам хӯрда буд.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими 2024/2025 дар ҳамаи мусобиқаҳо байни дастаҳои КФО низоми VAR (санҷиши видеоӣ) ҷорӣ мешавад. Конфедератсияи футболи Осиё ин низомро бо мақсади ҷонибдорӣ аз меъёрҳои баланди доварӣ мавриди амал қарор медиҳад.

Мукофотпулиҳо дар мусобиқаҳо байни дастаҳои КФО тариқи зайл аст:

Лигаи баргузидаи қаҳрамонҳо

Иштирокчиёнии даври гурӯҳӣ – $800 ҳазор

Роҳ ёфтан ба даври 1/16 – $200 ҳазор

Чаҳорякниҳоӣ – $400 ҳазор

Нимфинал – $600 ҳазор

Финал – $4 млн

Қаҳрамон (чемпион ё ғолиб) – $10 млн.

Лигаи дуюми қаҳрамонҳо

Иштирокчиёнии даври гурӯҳӣ – $300 ҳазор

Роҳ ёфтан ба даври 1/16  – $80 ҳазор

Чаҳорякниҳоӣ – $160 ҳазор

Нимфинал – $240 ҳазор

Финал – $1 млн

Қаҳрамон (чемпион ё ғолиб) – $2,5 млн.

Лигаи даъват

Иштирокчиёнии даври гурӯҳӣ – $100 ҳазор

Чаҳорякниҳоӣ – $80 ҳазор

Нимфинал – $120 ҳазор

Финал – $500 ҳазор

Қаҳрамон (чемпион ё ғолиб) – 1 млн.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.