Зиёда аз 4,4 млрд доллар дар ним сол. Нишондиҳанда ва ҷараёни гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон

Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2023 ҳаҷми савдои хориҷӣ 30% афзуд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 3,4 млрд доллар молу маҳсулот ворид шуда, ҳаҷми содирот ҳудуди 1 млрд долларро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Ба ин тариқ, тавозуни савдо манфӣ ва ба 2,4 млрд доллар баробар […]

Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2023 ҳаҷми савдои хориҷӣ 30% афзуд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 3,4 млрд доллар молу маҳсулот ворид шуда, ҳаҷми содирот ҳудуди 1 млрд долларро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Ба ин тариқ, тавозуни савдо манфӣ ва ба 2,4 млрд доллар баробар аст.

Ҳаҷми воридот дар навбати аввал аз ҳисоби харидории металлҳо (фулузот)-и қиматбаҳо дар ҳаҷми бесобиқа барои ҷумҳурӣ – ба маблағи 343 млн доллар зиёд шуд.

Дар сохтори воридоти кишвар мошину таҷҳизот (378 млн доллар), воситаҳои нақлиёт (327 млн доллар) ва металлҳои арзон (316 млн доллар) вазни қиёсии нисбатан зиёд доранд.

Ҳудуди 75%-и содироти кишвар аз маҳсулоти минералӣ (неруи барқ, семент, ангишт маъдан ва консентратҳо) ва металлҳо, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо, яъне аз ашёи хом иборат аст.

Дар нимсолаи аввал ҷумҳурӣ бо 106 кишвари саросари дунё муомилоти савдо анҷом дод. Шарикони асосии тиҷоратӣ дар ин давра Русия (968 млн доллар), Чин (877 млн доллар), Қазоқистон (669 млн доллар) ва Швейтсария (640 млн доллар) маҳсуб меёбанд.

Нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар инфографикаи зерини мо:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.