spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазъ ҳоло дар марзи Хистеварз бо Қирғизистон чӣ гуна аст? Хабарнигори “Азия-Плюс” гузориш медиҳад

Пас аз ҳодисаи таирпаронии шоми дирӯз, 12-уми апрел дар нуқтаи марзии ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон бо деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, хабарнигори "Азия-Плюс", ки дар маҳалли ҳодиса қарор дорад, субҳи барвақти имрӯз дидаҳояшро аз вазъи марз пешниҳод мекунад.

Хабарнигори мо мегӯяд, ки ҳоло вазъи марз ором аст, мардум аз пайи кору бори рӯзмараи худ.

"Тирпаронӣ дар мавзеи дур аз аҳолинишин, дар минтақаи саҳроӣ, дар хатти марз рух додааст, ки ҳоло мо имкон ба он ҷо рафтанро наёфтаем. Аммо дар хатти марз вазъ ором аст. Ягон роҳбандиву маҳдудиятҳо нест. Дар шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом, ки аз ҷамоати Хистеварз мегузарад мошинҳо равуо доранд".

Сардухтури беморхонаи Хистеварз Фирдавс Азимов дар як суҳбати кӯтоҳ дар мавриди захмиҳои ҳодисаи тирпаронии шоми 12-уми апрел гуфт, ки ҳоло дар беморхона захмие бистарӣ нест.

"Шаб оварда буданд ва боз гирифта бурданд. Ҳоло ягон бистарӣ надорем". Аммо Азимов гуфта натавонист, ки вазъи захмиҳо чӣ гуна буд ва онҳо чанд нафар буданд ва онҳоро ба куҷо бурданд.

Ин масъул ваъда дод, ки каме баъдтар маълумоти пуратарро дар ихтиёри мо мегузорад. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳодисаи типаронии дирӯз, миёнҳои соатҳои 18-19 рух додааст. Дар натиҷаи даргирӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз бино ба иттилои муқаддамотӣ чанд нафар марзбон аз ду тараф захм бардоштаанд. 

Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақрибан соати 23-и шаб аз марзи ҷамоати Хистеварз ва деҳаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки  ҳоло тамоми масъулони вилоятӣ дар марз қарор доранд ва ба таҳқиқи ҳодиса пардохтаанд.

Давлатзода гуфт, ки дар ҳоли ҳозир вазъ ором шуд, тирпаронӣ нест ва вазъият таҳти контроли низомиён аст.

"Марзбонон вохӯрӣ гузарониданд, фардо боз вохӯрӣ мешавад. Дар мавриди захмиҳо аз тарафи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир чизе гуфта наметавонам, таҳқиқот муайян мекунад ва фардо маълумоти дақиқ медиҳем".

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаб гуфт, ки сабабу далелҳои сар задани тирпарониро намедонад ва фардо инро таҳқиқот муайян мекунад. 

Бино ба иттилои расида бар асари тирпарронии бегоҳии 12-уми апрел дар марзи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз ду ҷониб чанд нафар захмӣ шудаанд. Аммо вазъи захмишудагонро то кунун мақомоти расмии ду тараф шарҳ надодаанд.

Радиои "Озодӣ" бо такя ба манобеъи худ хабар дод, ки дар натиҷаи тирпаронӣ як сарбози тоҷик захмӣ шуда, дар бемористон бистари шудааст. Манбаъ гуфтааст, дар тирпарронии шоми сешанбе сержант, Зоир Саидумарови 27-сола аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, маҷруҳ шудааст. "Вай аз қафаси сина ва шикам тир хӯрдааст. Ҳоло дар ҷарроҳӣ аст ва вазъаш вахим аст"-гуфтаст, манбаи "Озодӣ".

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: "Тирпаронӣ қатъ шуд, марзбонон мулоқот карданд, захмиҳоро таҳқиқот муайян мекунад"

Ин тирпаронӣ дар ҳолест, ки субҳи 12-уми апрел раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳ чанде аз роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, раисони Исфараву ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара бо раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев дидору гуфтугуй карда буданд.

Мақомоти вилоят дар хабарномае гуфтанд, ки ҷонибҳо дар мулоқот хостори тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати пешгирии муноқишаҳо ва ҳолатҳои ба муноқишаҳо сабабшаванда таъкид кардаанд. Дар ин мулоқот бино ба гуфти мақомот таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар ҳарду тарафи марз масъалаи асосӣ буд ва бояд ҷонибҳо дар ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ фаъолият намоянд ва бояд анъанаҳои неки ҳамсоядориро рияо кунанд.

“Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки вобаста ба масъалаи истифода аз захираҳои обӣ дар сатҳи муовинони раисони вилоятҳо ва роҳбарони идораҳои обёрии ду тараф гуруҳи корӣ ташкил шуда, масъалаҳои мавҷуда дар ин самтро баррасӣ ва якҷо ҳал созанд”.-хабар дода буд, Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Ҳамчунин дирӯз раисҷумҳури Қирғизистон сафири нави кишвараш дар Тоҷикистонро таъин кард, ки ба ин мақом вазири собиқи корҳои хориҷӣ ва сафири пешини Қирғизистон дар Олмон Эрлан Абдилдаев таъин шуд.

Гузоришҳои дигари хабарнигори "Азия-Плюс" аз маҳалли ҳодиса дар фурсатҳои наздик нашр мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...