ВКХ Русия: “Дар бораи тағйири реҷаи раводид дар доираи ИДМ ҳеҷ гуфтугузоре нест”

Дар бораи шадидтар ё сабуктар кардани низоми раводид (виза) дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла миёни Русия ва дигар кишварҳои Иттиҳод, ҳоло гуфтушуниде ҷараён надорад. Дар ин бора ба РИА-Новости директори департаменти 1-уми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Русия Микаэл Агасандян хабар додааст. «Дар фазои ИДМ (ба истиснои Туркманистон) низоми бераводид амал […]

Asia-Plus

Дар бораи шадидтар ё сабуктар кардани низоми раводид (виза) дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла миёни Русия ва дигар кишварҳои Иттиҳод, ҳоло гуфтушуниде ҷараён надорад. Дар ин бора ба РИА-Новости директори департаменти 1-уми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Русия Микаэл Агасандян хабар додааст.

«Дар фазои ИДМ (ба истиснои Туркманистон) низоми бераводид амал мекунад, ки онро созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба танзим мекунанд. Мутаносибан, барои ҷорӣ кардани низоми раводид, пеш аз ҳама лозим аст, ки ин шартномаҳои байналмилалӣ бознигарӣ шаванд. Дар айни замон дар доираи ин созмон на дар бораи шадидтар кардан ва на баръакс, сабуктар кардани низоми вуруд гуфтушуниде ҷараён надорад», – гуфтааст Агасандян дар ҷавоб ба савол дар бораи оё ҷорӣ кардани низоми раводид бо баъзе кишварҳои ИДМ имкон дорад.

Ҳамзамон, ӯ зикр кардааст, ки пойгоҳи ҳуқуқӣ дар ин соҳа пайваста такмил дода мешавад, аз ҷумла ҳамчун вокуниш ба таҳдидҳо ва хатарҳои нав.

«Масалан, бинобар афзоиши шумораи кӯшишҳои ғайриқонунии убур кардани сарҳад бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, барои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ сабти ҳатмии изи ангушт (дактилоскопия) ҷорӣ карда шуд, барои тақвияти назорат ба ҷараёнҳои муҳоҷират мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд ва равандҳои марбут ба ин тадриҷан ба шакли рақамӣ гузаронида мешаванд», – зикр кардааст ӯ.

Агасандян ҳамчунин зикр кардааст, ки Русия дар ИДМ аз ҷиҳати теъдоди ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷои аввал қарор дорад.

«Ҷараёни асосии вуруди онҳо таърихан аз кишварҳои аъзои Иттиҳод сурат мегирад (тибқи баъзе маълумот, соли гузашта ба қаламрави Русия зиёда аз 9 млн шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ворид шудаанд), аз ин рӯ, ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират барои мо яке аз самтҳои афзалиятнок аст. Русия барои шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки қонунҳо ва қоидаҳои қабулшуда дар кишвари моро қатъиян риоя мекунанд ва ба анъанаву фарҳанги маҳаллӣ эҳтиром мегузоранд, боз аст», – илова намудааст ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.