Чаро доруҳои эронӣ дар Тоҷикистон 20 баробар қиматтар аз худи Эрон фурӯхта мешаванд?

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иддаои боло бурдани нархи доруҳои эрониро дар Тоҷикистон рад кард. Бино ба иттилои як моҳ пеши расонаҳо, вазири тандурустии Эрон Баҳром Айнуллоҳӣ изҳор доштааст, ки доруҳои тиббии истеҳсоли Эрон дар Тоҷикистон 20 баробар қиматтар нисбат ба худи Эрон нарх доранд. Ба гуфтаи вазир, ӯ худаш шоҳид будааст, ки дорувории […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иддаои боло бурдани нархи доруҳои эрониро дар Тоҷикистон рад кард.

Бино ба иттилои як моҳ пеши расонаҳо, вазири тандурустии Эрон Баҳром Айнуллоҳӣ изҳор доштааст, ки доруҳои тиббии истеҳсоли Эрон дар Тоҷикистон 20 баробар қиматтар нисбат ба худи Эрон нарх доранд.

Ба гуфтаи вазир, ӯ худаш шоҳид будааст, ки дорувории тиббӣ дар дорухонаҳои Тоҷикистон бо нархи хеле баландтар фурӯхта мешаванд.

Айнуллоҳӣ ҳамчунин аз таваҷҷуҳи нокофӣ ба мушкили қочоқи дорувории истеҳсоли Эрон интиқод карда, зарурати тақвияти назорат дар ин самтро таъкид намудааст.

Нархҳоро талабот муайян мекунад

Аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуфтаҳоро рад кард.

Дар посух ба дархости “Азия-Плюс” вазорат изҳор намуд, ки маълумот дар бораи 20 баробар зиёд будани нархи доруҳои эронӣ асоси воқеӣ надорад. Лекин дар бораи нархҳо ба навъҳои ҷудогонаи дору ва маводи тиббӣ дар дорухонаҳои кишвар дар муқоиса бо нархҳо дар Эрон ягон далел оварда нашуд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорат шарҳ дод, ки дар Тоҷикистон танзими нарх аз ҷониби давлат дар мавриди маводу дорувории тиббӣ вуҷуд надорад ва худи бозор талаботи истеъмолгаронро танзим мекунад.

Дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ илова намуданд, ки ҳиссаи маводу дорувории тиббии истеҳсоли Эрон дар бозори дорусозии Тоҷикистон на бештар аз 5%-ро ташкил дода, ба мавқеи ҳукмрон доштан (монополия)-и кадоме аз гурӯҳи ширкатҳои дорусозӣ имкон намедиҳад.

“Агар дар кишвар аломатҳои мавқеи ҳукмрон доштан ба мушоҳида расад, ин вазъиятро Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон пайгирӣ мекунад”, – гуфтанд дар Вазорат.

Киҳо аз Эрон мавод ва дорувории тиббӣ ворид мекунанд?

Ба воридоти дорувории тиббӣ аз Эрон як қатор ширкатҳое машғуланд, ки иҷозатнома доранд, аз ҷумла ҶСП «Дили Солим», ҶДММ «Қисмат Фарма», ҶСП «Томирис», ҶДММ «Наргисфарма», ҶДММ «Ориён Фарм», ҶДММ «Дӯсти Фарма», ҶДММ «Хайём» ва ҶДММ «МТ «Наел».

Иҷозатнома ба ширкатҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ дода шуда, нархи он 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ). Иҷозатнома ба муҳлати номаҳдуд пешниҳод мешавад.

Ҳамчунин дар мактуб зикр мешавад, ки айни замон ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Эрон дар ҳоли густариш қарор доранд. Дар оянда қабули қарор дар бораи эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои иҷозатномавии ҳарду кишвар бо шартҳои мутақобилан судманд ва баробар дар назар аст, лекин ҳозир дар бахши дорусозӣ чунин қарор нест.

Мо худамон чӣ истеҳсол мекунем?

Айни замон дар Тоҷикистон 64 корхонаи ватанӣ фаъолият доранд, ки 592 навъи воситаҳои доруворӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ истеҳсол мекунанд. Дар бозор ба сурати умум 346 номгӯи маҳсулот пешниҳод мешавад.

Аз ин шумор 24 корхона дар шаҳри Душанбе, 12 – дар вилояти Хатлон, 12 – дар вилояти Суғд, 6 – дар ВМКБ ва боз 10 корхона дар шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ амал мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.