“Ҷин” ё африқоӣ? Мақомот хабари пайдо шудани “махлуқи шубҳанок” дар Ваҳдатро овозаи беасос донистанд

Мақомот хабари пайдо шудани махлуқе, ки сокинон онро “ҷин” гумон кардаанд, беасос донист. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, “ин хабар ягон асосӣ воқеӣ надорад ва бардурӯғ паҳн шудааст”. Ӯ боздошти як марди африқоиро, ки баъзе саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд, тасдиқ ё рад накард. Танҳо гуфт, дар барномаи ВКД (манзур […]

Мақомот хабари пайдо шудани махлуқе, ки сокинон онро “ҷин” гумон кардаанд, беасос донист. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, “ин хабар ягон асосӣ воқеӣ надорад ва бардурӯғ паҳн шудааст”.

Ӯ боздошти як марди африқоиро, ки баъзе саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд, тасдиқ ё рад накард. Танҳо гуфт, дар барномаи ВКД (манзур барномаи Ахбори ВКД аст, – редаксия) ҳамаашро нашр мекунем.

Бояд гуфт, чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн шуд, ки дар онҳо гуфта мешавад, “ҷин” ба хонаи сокинони шаҳри Ваҳдат даромада, онҳо метарсондааст. Ба гуфтаи муаллифони навор, се-чор шаб ин махлуқ ба хонаи мардум даромада, ҳатто, занҳоро мезадааст.

Ин ҳолат мардумро ба таҳлука оварда, ҳатто корбарон навиштаанд, ки шабҳои охир сокинони минтақаҳои гуногуни шаҳри Ваҳдат навбатдорӣ ташкил кардаанд.

Баъдан боз ҳамин саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навору аксҳоеро нашр карданд, ки дар он ду нафар бо либосҳои низомӣ як марди африқоиро боздошт карда, ба мошин мешинонанд.

Ҳамчунин, дар ин саҳифаҳои иҷтимоӣ акси ин марди африқоӣ низ нашр гардид.  Ба иттилои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, ин мард Дани ном дошта, шаҳрванди давлати Уганда будааст. Дар идома гуфта мешавад, ки “ҳангоми бозпурсӣ муайян шудааст, ки Дани аз гуруснагӣ маҷбур шудааст, ки шабҳо ба хонаҳои мардум барои дарёфти нон дарояд”.

Аммо мақомот то ҳол дар мавриди боздошти ин мард шарҳи расмӣ надодаанд. Маълум нест, ки ин африқоӣ чӣ гуна ба Тоҷикистон омада, виза дарёфт кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.