Тафсилоти садама дар Хуросон. Вазир ба аёдати осебдидагон рафт

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон вазъ ва теъдоди дақиқи зарардидагони садамаи мудҳиш дар ноҳияи Хуросонро шарҳ дод. Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар ин садама як нафар ҷон бохта, 11 нафар ҷароҳат бардошта, бистарии беморхона шудаанд. Вазъи сиҳатии 3 нафар ҷароҳатбардоштагон вазнин арзёбӣ мешавад. Ба иттилои ин ниҳод, вазъи сиҳатии 6 нафар […]

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон вазъ ва теъдоди дақиқи зарардидагони садамаи мудҳиш дар ноҳияи Хуросонро шарҳ дод.

Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар ин садама як нафар ҷон бохта, 11 нафар ҷароҳат бардошта, бистарии беморхона шудаанд. Вазъи сиҳатии 3 нафар ҷароҳатбардоштагон вазнин арзёбӣ мешавад.

Ба иттилои ин ниҳод, вазъи сиҳатии 6 нафар муътадил  буда, 2 нафари дигар баъди беҳбуди саломатӣ аз беморхона рухсат шудаанд.

Манбаъ афзудааст, ки табобати ҷароҳатбардоштаҳо ройгон ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин, вазорат иттилоъ медиҳад, ки Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии кишвар ҷароҳатбардоштагонро аёдат карда, бо пйвандони онҳо сӯҳбат кардааст.

Пештар аз ин, Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ба хабаргирии захмишудаҳо рафта, бо вазъи саломатии онҳо шинос шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросон 18-уми август, рух дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ навишт, ки соатҳои 10:30 ба вақти маҳаллӣ мошини боркаши “Ҳино” таҳти идораи сокини 33-солаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Бохтар дар даромадгоҳи ҳудуди ноҳияи Хуросон бинобар аз кор мондани василаи нигоҳдории мошин ба садама дучор шудааст.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардиданд, дида мешавад, ки мошини боркашони “Дулан” дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба чанд мошини худрав бархӯрдааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар натиҷаи садама 7 воситаи нақлиёт зарар дидаанд.

Бояд гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 539 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2023 – 492 ҳодиса) рух дода, бар асари онҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори ҳодисаҳо 11,8%, теъдоди ҷабрдидагон 13,3% ва ҳалокшудагон 22,3% зиёд шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.