Дар ним сол 124 млн сомонӣ. Даромади корхонаҳои тобеи Хадамоти алоқа ба таври назаррас афзуд

Даромади оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва дигар воҳидҳои Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳудуди 124 млн сомонӣ ё худ 11,6 млн долларро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда 35,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Даромад асосан аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Даромади оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва дигар воҳидҳои Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳудуди 124 млн сомонӣ ё худ 11,6 млн долларро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда 35,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Даромад асосан аз ҳисоби хидматрасониҳо ба алоқаи телефони байнишаҳрӣ ва байнулмилалӣ (61,5%) ва интернет (29,0%) афзудааст.

Даромади операторони хусусии алоқа низ нисбатан камтар – 8,4% зиёд шудааст. Дар нимсолаи аввал онҳо ҳудуди 2 млрд сомонӣ (186 млн доллар) кор кардаанд.

Ҳиссаи операторони хусусӣ дар бозори хидматрасонии алоқаи ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввал 94,1%-ро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, то оғози нимсолаи дуюм теъдоди корбарони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,3 млн муштариён ва корбарони алоқаи мобилӣ – ҳудуди 6,8 млн муштариёнро ташкил додааст, ки 3,3 млн муштариёни онҳо фаъол мебошанд.

Ба ин тариқ, даромади операторони алоқаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон дар маҷмӯъ зиёда аз 2,1 млрд сомонӣ ё худ 197 млн долларро ташкил додааст, ки 9,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст.

Дар ҳамин ҳол, дар радабандии навшудаи Worldwide mobile data pricing Тоҷикистон миёни кишварҳои арзиши интернеташон бештар баланд ва дар ҳамин ҳол, байни кишварҳои пасстарин суръати интернет қарор дорад.

Ҷумҳурӣ бо нархи миёнаи 1,65 доллар барои 1 Гб дар зинаи 142-юм дар ҷаҳон қарор дорад. Барои муқоиса: Қирғизистон – зинаи 8-ум ($0,17), Ӯзбекистон – зинаи 22-юм ($0,30), Қазоқистон – зинаи 35-ум ($0,41).

Дар радабандии моҳи июли Speedtest Global Index Тоҷикистон миёни 162 кишвари сайёра аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар мақоми 143-юм ва суръати интернети сабтшудаи васеъхат дар зинаи 125-ум ҷойгир шудааст. Мутаносибан Қазоқистон зинаҳои 56 ва 94-ум, Қирғизистон – 66 ва 85-ум ва Ӯзбекистон зинаҳои 74 ва 82-юмро касб кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.