Шурӯъ аз имрӯз, 15 апрел то 30 декабри соли 2022 дар кӯчаи Зарафшон аз хиёбони Нусратулло Махсум то кӯчаи Алишер Навоӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад.
Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 14 апрели соли 2022 ба имзо расид, хабар медиҳад шаҳрдории Душанбе.
Мақомот қатъшавии роҳро бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ гуфтаанд ва сохторҳои марбутаи шаҳрро вазифадор кардаанд, ки “самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз иншооти таъмири асосии кӯчаи Зарафшон аз хиёбони Нусратулло Махсум то кӯчаи Алишер Навоӣ мегузарад, тавасути кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар тағйироти дахлдор ворид намоянд”.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.