Додгоҳе дар Фаронса муҳлати боздошти Павел Дуровро тамдид кард

Date:

Додгоҳе дар Фаронса Павел Дуров, муассис ва мудири иҷроияи Телеграм, яке аз паёмрасонҳои серистифода дар ҷаҳонро барои 48 соати дигар ба ҳабс гирифт.

Дар ин бора хабаргузории AFP бо истинод ба манобеи наздик ба тафтишот хабар додааст. Ба навиштаи ин расона, Дуров метавонад то 96 соат дар ҳабс монад ва сипас озод мешавад ё зиддаш айб эълон кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Фаронса боздошти Дуровро шарҳ надод ва танҳо гуфтааст, "тибқи принсипҳои мустақилияти низоми судӣ дар Фаронса, ҳукумати Фаронса наметавонад вазъиятро бо ҷаноби Дуров шарҳ диҳад".

Бино ба гузориши расонаҳои Фаронса, бунёдгузори Телеграм шоми 24-уми август дар фурудгоҳи Бурге ва ҳангоми вуруд аз Озарбойҷон дастгир шудааст. Миллиардери 39-сола, ки шаҳрвандии Фаронсаву Русия, АМА ва Сент-Китс ва Невис аст, бо ҳавопаймои хусусӣ ба Фаронса омадааст.

Мақомоти Фаронса ҳукми боздошти ӯро пештар содир карда буд. Дуров ба тақаллуб, қочоқи маводи мухаддир, озори лафзӣ дар фазои маҷозӣ, ҷинояткории муташаккилона ва тарғиби терроризм муттаҳам мешавад. Аммо коршиносон таъкид мекуненд, ки ӯро барои радди ҳамкорӣ бо мақомот ва иҷрои талаботи онҳо боздошт карданд.

Павел Дуров, ки дар Русия ба дунё омадааст, 10 сол пеш, баъди афзоиши фишор аз ҷониби мақомоти Русия ватанашро тарк кард ва соли 2021 шаҳрвандии Фаронсаро гирифт. Солҳои охир дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зиндагӣ мекард ва қароргоҳи ширкаташ ҳам онҷо буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...