Додгоҳе дар Фаронса муҳлати боздошти Павел Дуровро тамдид кард

Додгоҳе дар Фаронса Павел Дуров, муассис ва мудири иҷроияи Телеграм, яке аз паёмрасонҳои серистифода дар ҷаҳонро барои 48 соати дигар ба ҳабс гирифт. Дар ин бора хабаргузории AFP бо истинод ба манобеи наздик ба тафтишот хабар додааст. Ба навиштаи ин расона, Дуров метавонад то 96 соат дар ҳабс монад ва сипас озод мешавад ё зиддаш […]

Додгоҳе дар Фаронса Павел Дуров, муассис ва мудири иҷроияи Телеграм, яке аз паёмрасонҳои серистифода дар ҷаҳонро барои 48 соати дигар ба ҳабс гирифт.

Дар ин бора хабаргузории AFP бо истинод ба манобеи наздик ба тафтишот хабар додааст. Ба навиштаи ин расона, Дуров метавонад то 96 соат дар ҳабс монад ва сипас озод мешавад ё зиддаш айб эълон кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Фаронса боздошти Дуровро шарҳ надод ва танҳо гуфтааст, "тибқи принсипҳои мустақилияти низоми судӣ дар Фаронса, ҳукумати Фаронса наметавонад вазъиятро бо ҷаноби Дуров шарҳ диҳад".

Бино ба гузориши расонаҳои Фаронса, бунёдгузори Телеграм шоми 24-уми август дар фурудгоҳи Бурге ва ҳангоми вуруд аз Озарбойҷон дастгир шудааст. Миллиардери 39-сола, ки шаҳрвандии Фаронсаву Русия, АМА ва Сент-Китс ва Невис аст, бо ҳавопаймои хусусӣ ба Фаронса омадааст.

Мақомоти Фаронса ҳукми боздошти ӯро пештар содир карда буд. Дуров ба тақаллуб, қочоқи маводи мухаддир, озори лафзӣ дар фазои маҷозӣ, ҷинояткории муташаккилона ва тарғиби терроризм муттаҳам мешавад. Аммо коршиносон таъкид мекуненд, ки ӯро барои радди ҳамкорӣ бо мақомот ва иҷрои талаботи онҳо боздошт карданд.

Павел Дуров, ки дар Русия ба дунё омадааст, 10 сол пеш, баъди афзоиши фишор аз ҷониби мақомоти Русия ватанашро тарк кард ва соли 2021 шаҳрвандии Фаронсаро гирифт. Солҳои охир дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зиндагӣ мекард ва қароргоҳи ширкаташ ҳам онҷо буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.