Даромади миёнаи тоҷикистониҳо 5,33 доллар дар як рӯз арзёбӣ шуд

Бино ба маълумоти портали WiseVoter, дар соли 2023 даромади миёна (медианӣ)-и сокинони Тоҷикистон 5,33 доллар дар як рӯзро ташкил медиҳад. Дар саросари ҷаҳон он ба ҳисоби миёна ба 16,09 доллар баробар аст. Тоҷикистон аз лиҳози даромади миёна миёни 162 кишвари дунё мақоми 105-умро касб кардааст. Даромади миёна байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ чунин арзёбӣ шудааст:  […]

Asia-Plus

Бино ба маълумоти портали WiseVoter, дар соли 2023 даромади миёна (медианӣ)-и сокинони Тоҷикистон 5,33 доллар дар як рӯзро ташкил медиҳад. Дар саросари ҷаҳон он ба ҳисоби миёна ба 16,09 доллар баробар аст.

Тоҷикистон аз лиҳози даромади миёна миёни 162 кишвари дунё мақоми 105-умро касб кардааст.

Даромади миёна байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ чунин арзёбӣ шудааст:  Қазоқистон – 10,42 доллар, Қирғизистон – 5,43 доллар, Туркманистон – 2,4 доллар ва Ӯзбекистон – 1,23 доллар. Дар Русия ин нишондиҳанда ба 17,41 доллар баробар аст.

Қобили зикр аст, ки нишондиҳандаи Тоҷикистон  2,2 баробар аз Туркманистон ва 4,3 баробар аз Ӯзбекистон зиёдтар аст.

Даромади миёна ё худ медианӣ ҳаҷми даромадеро, ки сокини аз лиҳози омор миёнаи ин ё он кишвар мегирад, нишон медиҳад. Барои муайян кардани нишондиҳандаи мазкур ҳамаи коргаронро ба ду қисми баробар тақсим мекунанд: дар нисфе аз коргарон даромад бояд аз ин маблағ зиёд бошад ва дар нисфи дигар – камтар. Мисол, миёни даромадҳои 10, 8, 6, 4, 2 ҳазор сомонии панҷ шахси шартӣ миёна ё медианӣ 6 ҳазор сомонӣ ба ҳисоб меравад, яъне нишондиҳандае, ки дар мобайн қарор гирифтааст.

Дар саросари ҷаҳон аз лиҳози даромади миёна Люксембург (69,48 доллар) пешсаф аст. Дар идома Новрвегия (65,30), Амороти Муттаҳидаи Араб (65,14), ИМА (65,04) ва Швейтсария қарор гирифтаанд.

Дар зинаҳои охири радабандӣ Конго (1,46 доллар), Ӯзбекистон (1,23) ва Мадагаскар (1,12) ҷой гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки дар омори Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа барои муайян кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ истифода мешавад.

То 1 апрели соли равон музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 208 доллар, Ӯзбекистон – 389 доллар, Қирғизистон – 407 доллар ва Қазоқистон – 808 долларро ташкил медод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио