Додгоҳи шаҳри Конибодом чор писари мардеро муваззаф кардааст, ки ба падари хеш ҳар моҳ алимент ва ё маблағ барои парасторӣ пардохт кунанд.
Оятулло Раҳматзода, сардори раёсати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба “Азия – Плюс” аз ин сокини шаҳри Конибодом А.М. ном бурда, гуфт, ки ӯ тариқи додгоҳ аз чор фарзандаш алимент хостааст.
“Ин писарон солҳои оххир падарро парасторӣ намекардаанд. Ин падар ҳам бо иллати пиронсолӣ наметавонад зиндагияшро мустақилона пеш барад. Бо ин далел, ӯ аз болои чаҳор писараш ба додгоҳи шаҳри Конибодом шикоят бурдааст”, – гуфт ӯ.
Ба иттилои Раҳматзода, додгоҳ талаби ин мардро қонеъ карда, писаронро муфаззаф намудааст, ки ба падарашон ҳар яке 150 сомонӣ, ҷамъ 600 сомонӣ дар як моҳ пардохт намоянд.
Дар умум, раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд давоми сол 7 қарори додгоҳро барои рӯёнидани алимент аз ҳисоби фарзандон ба манфиати падару модар ва ё бобову бибӣ амалӣ кардааст.
Бояд гуфт, ин омор солҳои қабл расонаӣ намешуд ва сабаби инро Раҳматзода ба урфу одати тоҷикон рабт дода буд.


