Дар Душанбе аз 1 сентябр шумори нақлиёти ҷамъиятӣ зиёд мешавад

Дар Душанбе аз 1 сентябр шумори нақлиёти ҷамъиятӣ 20% зиёд карда мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс”” аз корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон”. Зикр шуд, ки ин тасмим барои он гирифта шуд, ки баъди чанд рӯз соли нави хониш оғоз гардида, теъдоди мусофирон ба таври назаррас зиёд мешавад. Қобили зикр аст, ки ин таҷриба чандин сол роиҷ аст. Айни […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе аз 1 сентябр шумори нақлиёти ҷамъиятӣ 20% зиёд карда мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс”” аз корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон”.

Зикр шуд, ки ин тасмим барои он гирифта шуд, ки баъди чанд рӯз соли нави хониш оғоз гардида, теъдоди мусофирон ба таври назаррас зиёд мешавад. Қобили зикр аст, ки ин таҷриба чандин сол роиҷ аст.

Айни замон дар роҳҳои шаҳр 305 автобус равуо дошта, аз 1 сентябр шумори онҳо ба 375 адад расонида мешавад. Мутаносибан шумори троллейбусҳо аз 55 адад то 75 адад зиёд карда мешавад.

Дар робита ба микроавтобусҳо (маршруткаҳо) бошад, ҳозир шумори онҳо 950 ададро ташкил медиҳад ва аз 1 сентябр боз 100 микроавтобуси дигар илова мешавад.

Шумори таксиҳо аз 3200 адад то 3350 адад зиёд карда мешавад, яъне 150 адад таксии дигар зиёд карда мешавад.

Дар назар аст, ки ин шумори нақлиёти ҷамъиятӣ барои қонеъ намудани талаботи сокинони шаҳр кофӣ хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, дар корхона зикр карданд, ки агар ин тадбирҳо барои хидматрасонии муосир ва бароҳати сокинни шаҳр кофӣ нашавад, дар мавриди боз зиёд кардани шумори нақлиёти ҷамъиятӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки сокинони Душанбе аллакай ҳозир аз норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ дар баъзе хатсайрҳо арзу шикоят мекунанд. Бо оғози соли нави хониш вазъ метавонад боз ҳам мушкилтар шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио