Мактаберо дар Ҳисор ба номи Акбаралӣ Сатторов гузоштанд

Date:

Дар Рӯзи дониш мактаби рақами 25-и деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисорро ба номи Акбаралӣ Сатторов (Акбари Саттор), журналисти хушноми тоҷик ва раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гузоштанд.

Ба қавли дӯстони Акбаралӣ Сатторов, пешниҳоди номгузории мактаб ҳанӯз соли 2015 ироа шуда буд, аммо қарори дахлдор моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор имзо шуд.

Ва 1-уми сентябр бо ҳузури нависандагону рӯзноманигорон, масъулини шаҳрдории Ҳисор ва наздикону пайвандон мактаби деҳаи зодгоҳи Акбаралӣ Сатторов ба номи ӯ гузошта шуд.

Гузориши моро аз ин чорабинӣ тамошо кунед:

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Акбаралӣ Сатторов 10-уми феврали соли 1965 ба дунё омадааст. Соли 1990 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинградро хатм карда, ҳамон сол ҳамчун мухбири рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ба кор оғоз намудааст. Худи ҳамон сол ба рӯзномаи “Садои мардум” ба кор гузашта, то соли 1994 ҳамчун мухбир, мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқ кор кардааст.

Соли 1994 ҶДММ “Чархи гардун”-ро ташкил намуд, ки рӯзномаҳои “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Авиценна”, “Аладдин”, “Студент”, “День за днём…” ва “Дайджест пресс” ба таркиби он ворид мешуданд. Ӯ ҳамчунин соҳиби нашриёти “Интишор” низ буд. Аз моҳи июни соли 2006 то поёни умр раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

Акбаралӣ Сатторовро яке аз эҳёкунандагони журналистикаи тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳомии журналистони кишвар низ медонанд.

Ӯ 28 августи соли 2015 ин оламро падруд гуфт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...