Ба варзишгари тоҷик парвоз аз Туркияро барои иштирок дар чемпионати ҷаҳон иҷоза надоданд

Варзишгари ҷавони тоҷик дар гӯштини тарзи юнониву румӣ (дар вазни 67 кг) Суннат Абдуллоев наметавонад дар мусобиқаи чемпионати ҷаҳон дар Испания иштирок кунад. “Гап сари он аст, ки гӯштингир аз Тоҷикистон ният дошт, ки дар мусобиқаи чемпионати ҷаҳон миёни варзишгарони синни то 20-сола иштирок кунад, вале ба парвози ӯ иҷоза нашуд, – хабар медиҳад Федератсияи […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Варзишгари ҷавони тоҷик дар гӯштини тарзи юнониву румӣ (дар вазни 67 кг) Суннат Абдуллоев наметавонад дар мусобиқаи чемпионати ҷаҳон дар Испания иштирок кунад.

“Гап сари он аст, ки гӯштингир аз Тоҷикистон ният дошт, ки дар мусобиқаи чемпионати ҷаҳон миёни варзишгарони синни то 20-сола иштирок кунад, вале ба парвози ӯ иҷоза нашуд, – хабар медиҳад Федератсияи гӯштини ҷумҳурӣ. – Ба варзишгар парвоз аз Туркия ба Испанияро иҷоза надода, ӯ муддати ду рӯз инҷониб дар фурудгоҳи Туркия қарор дорад”.

Ба иттилои манбаъ, ба ин “надоштани сарпараст ва мушкилоти парвози баргашт” сабаб шудааст.

Ин чӣ маъно дорад, дар хабар шарҳ дода намешавад.

Федератсия хабар медиҳад, ки алҳол Суннат Абдуллоев ҳаққи баромадан аз Туркияро надорад.

“Мо ба ҳалли ин масъала машғулем, – омадааст дар хабар. – Ин бори аввал нест ки ин гуна мушкилот барои гӯштингирони мо ба вуҷуд меояд. Соли гузашта низ Суннат Абдуллоев ба сабаби мушкилоти раводид (виза) ба мусобиқоти ҷаҳони дар Италия рафта натавонист”.

Мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар Испания аз 2 то 8 сентябр баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.