Баъди 5 сол. Пас аз садамаи мошин дар кӯҳҳои Помир як лоиҳаи маъруфи телевизионӣ пеш аз муҳлат ба анҷом расид

Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон як мошини барномаи маъруфи чехии «Татра дар атрофи ҷаҳон 2»-ро, ки зиёда аз як моҳ пеш дар кӯҳҳои Помир ба садама дучор шуда буд, берун оварданд, хабар дод ба «Азия-Плюс» Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар.  Ҳодиса рӯзи 5 август дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр рух дод ва мошини тамғаи VEN […]

Asia-Plus

Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон як мошини барномаи маъруфи чехии «Татра дар атрофи ҷаҳон 2»-ро, ки зиёда аз як моҳ пеш дар кӯҳҳои Помир ба садама дучор шуда буд, берун оварданд, хабар дод ба «Азия-Плюс» Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар. 

Ҳодиса рӯзи 5 август дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр рух дод ва мошини тамғаи VEN дар наздикии деҳаи Тухғоз, ноҳияи Ишкошим ВМКБ ба нишебӣ афтод. 

Пас аз садама, мошин зиёда аз як моҳ дар ҷои ҳодиса ва дар байни дарахтон дармонда буд. 

“Рӯзи 12 сентябр соати 16:11 дар якҷоягӣ бо наҷотдиҳандагони касбии Агентии Оғо Хон бо истифода аз техникаи муҳандисии ширкати Хитой автомашинаи тамғаи ВЕН, ки санаи 5 августи соли 2024 дар деҳаи Туғгози ҷамоати деҳоти Питупи ноҳияи Ишкошим ба садама дучор гардида буданд, аз ҷои ҳодиса бароварда ба ҷои бехавф бароварданд”, – гуфт Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, бар асари садама нӯҳ нафар узви гурӯҳ, ки дар мошин буданд, ҷароҳатҳои сабук бардоштанд.

Радиои Озодӣ, бо такя ба Марек Ҳавличек, муассиси тарҳи мазкур навиштааст, ки баъди садама лоиҳаи панҷсолаи  телевизионӣ пеш аз вақт ба анҷом расид ва ин мошин то замони садама 175 ҳазор километр роҳ – аз Чехия то Африқо, аз Амрико то Узбакистонро тай кардааст.

Марек Ҳавличек гуфтааст, ки 8 узви ин гурӯҳ ба Прага баргаштанд ва худи ӯ то ҳол дар маҳалли ҳодиса буда, кӯшиш дорад мошинро то ба Душанбе ва аз онҷо ба Ҷумҳурии Чех барад.

Вай аз кӯмак ва меҳрубонии сокинони маҳаллӣ дар замони ҳодиса тавсиф карда, аз ҷумла гуфтааст, ки “мардуми тоҷик бениҳоят меҳрубонанд. Масалан, вақте ки мо бо истифода аз таҷҳизоти вазнин мошинро аз ҷойи садама берун мекардем, як хонуми солхӯрдаи маҳаллӣ ба мо тухму гречка, нону чойи гарм овард. Хамаи мо, ки гоҳо то 30 нафар мерасидем, аз ин хӯрок мехӯрдем. Аз ин рӯ, тоҷикони маҳаллӣ ба мо хеле меҳрубон буданд ва ҳоло ҳам ба мо кумак мекунанд”.

Лоиҳаи «Татра дар атрофи ҷаҳон» ибтидо дар солҳои 1987-90 оғоз шуда буд. Лоиҳа панҷ сол боз идома дорад ва он аз Чехия оғоз шуда, сипас аз он ҷо ба Эрон, сипас ба Африқои Шимолӣ, Амрикои Чанубй ва Шимолӣ идома ёфт. Баъдан дубора ба Аврупо рафта, сафарро ба Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Туркманистон, Русия, Қазоқистон ва ҳоло Тоҷикистон идома дод. Мошине, ки ҳоло ба садама дучор шуда, корношоям шудааст, дар 5 сол 175 ҳазор км тай кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио