Гази моеъ дар Тоҷикистон боз арзонтар шуд

Арзиши 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе давоми ду ҳафтаи охир аз 8 сомонву 20 дирам то 7 сомониву 30 дирам поин омадааст. Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сабаби поин шудани нархи газ бекор шудани маҳдудиятҳо ва ба охир расидани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Арзиши 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе давоми ду ҳафтаи охир аз 8 сомонву 20 дирам то 7 сомониву 30 дирам поин омадааст.

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сабаби поин шудани нархи газ бекор шудани маҳдудиятҳо ва ба охир расидани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ дар фасли тобистон мебошад.

“Воридот аз ҳисоби гармӣ камтар шуда буд ва ҳоло, ки гармӣ баланд нест воридоти гази моеъ низ бештар гардид. Ҳамчунин дар бархе аз корхонаҳо корҳои бехатарӣ ба анҷом расид. Ду маротиба арзиши гази моеъ поин омад, аввал 7,70 буд ки 7,50 шуд ва аз дирӯз инҷониб 7,30 сомонӣ муайян шудааст”,- гуфтанд дар вазорат.

Нуқтаҳои фурӯши гази моеъ дар пойтахти кишвар ду ҳафта қабл ба фурӯши шабонарӯзии гази моеъ, оғоз карданд.

То ин вақт фурӯши чаканаи гази моеъ рӯзона боздошта мешуд ва Вазорати энергетика инро ба ҳарорати баланди ҳаво рабт дода буд.

Бояд гуфт, ки аз оғози нимсолаи дуюми соли равон арзиши гази моеъ – аз 5,80 сомонӣ то 8,30 сомонӣ барои 1 литр (афзоиш ба андозаи 43,1%) боло рафт.

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 195,5 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 12,3 ҳазор тонна камтар аст.

Бояд гуфт, ки ҳудуди 60%-и автомобилҳо дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мебаранд, ки нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) арзонтар мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.