Ҷаримаи волидайни се хонанда барои кашидани “калян”-и электронӣ дар мактаб

Милитсияи шаҳри Душанбе волидайни се хонандаи мактабро барои кашидани “калян”-и электронӣ аз сӯи фарзандонашон дар мактаб то 1 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима кардааст. Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад, ки хонандагон дар вақти танаффус дар ҳудуди мактаб “калян”-и электронӣ кашидаанд. Онҳо хонандагони синфи 8-и мактаби №32-и ноҳияи Сино будаанд. “Ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Шуъбачаи […]

Шаҳноза Ализода, Asia-Plus

Милитсияи шаҳри Душанбе волидайни се хонандаи мактабро барои кашидани “калян”-и электронӣ аз сӯи фарзандонашон дар мактаб то 1 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима кардааст.

Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад, ки хонандагон дар вақти танаффус дар ҳудуди мактаб “калян”-и электронӣ кашидаанд.

Онҳо хонандагони синфи 8-и мактаби №32-и ноҳияи Сино будаанд.

“Ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, дар якҷоягӣ бо роҳбарияти муассисаи мазкур ошкор ва пешгирӣ карда шуд”,-омадааст дар хабар.

Барои ин кирдор мақомот волидайн онҳоро ба милитсия даъват карда, барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак (моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон) ҷарима кардаанд.

РВКД дар пойтахт нагуфтааст,, ки онҳо чӣ қадар ҷарима шуданд. Вале банди 2-юми ин модда, ки ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку… мадҳушкунандаи дигар аз 1 ҳазору 80 то 1 ҳазору 440 сомонӣ (аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, -1 нишониҳанда 72 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи тағйироте, ки ахиран ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуд, дар Тоҷикистон волидайн барои ба мактаб бурдани сигору нос, воситаҳои нашъадор ё спиртӣ қариб 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Агар ин кирдор такроран содир шавад, аз 2 ҳазору 160 то 2 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима татбиқ карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст