Беш аз 85% ифротиёни тоҷик муҳоҷирон будаанд. Ин то куҷо дуруст аст?

Ҳудуди 85% шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои ҷангзада қарор доранд, ҳангоми дар муҳоҷират будан ба гурӯҳҳои ифротгаро пайвастаанд. Ин хулосаи ду устоди Академияи ВКД Тоҷикистон дар бораи роҳҳои ифротишавии ҷавнони тоҷик аст, ки баъди таҳлили парвандаҳои ҷиноятӣ расонаӣ кардаанд.   85% аз Русия ба “кишварҳои исломӣ” рафтаанд Шоҳрух Аҳёзода ва Ҳаёт Сафарзода, ду устоди ин […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Ҳудуди 85% шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои ҷангзада қарор доранд, ҳангоми дар муҳоҷират будан ба гурӯҳҳои ифротгаро пайвастаанд. Ин хулосаи ду устоди Академияи ВКД Тоҷикистон дар бораи роҳҳои ифротишавии ҷавнони тоҷик аст, ки баъди таҳлили парвандаҳои ҷиноятӣ расонаӣ кардаанд.

 

85% аз Русия ба “кишварҳои исломӣ” рафтаанд

Шоҳрух Аҳёзода ва Ҳаёт Сафарзода, ду устоди ин академия дар  матлаби худ, ки рӯзи 31-уми август дар гурӯҳи “Шӯрои ҷавонон”-и Академияи ВКД дар фейсбук нашр шуд, навиштанд, 85% шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои ҷангзада қарор доранд, аз Русия ба “кишварҳои исломӣ” рафтаанд.

Ҳамчунин, онҳо гуфтаанд, ки 90% ҷавонони тоҷик тавассути  шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби “имомҳои интернетӣ” мағзшӯӣ гардидаанд. 

Ин ду устоди Академияи ВКД ҳамчунин, аз таъсири идеологияи “салафия-ваҳҳобия” дар байни муҳоҷирон нигаронӣ кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо “он ба амнияти миллии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ” долрад.

Муаллифони матлаб ба волидайн ва наздикони муҳоҷирон, намояндагиҳо ва диаспораҳои тоҷикон дар хориҷа тавсия додаанд, ки мубориза бо экстремизмро “тақвият диҳанд”. Аммо бо кадом роҳ ва чӣ гуна нагуфтаанд.

Баъдан мақолаи ин ду устоди Академияи ВКД аз гурӯҳ пока карда шуд. Сабабаш маълум нест.

 

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон

Тасдиқ ё рад кардани суханони онҳо аз манобеи мустақил ғайриимкон аст. Вале Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо руҳониён моҳи марти соли ҷорӣ аз афзоиши “ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ” ва “шомил шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ДОИШ ҳангоми дар муҳоҷират будан” нигаронӣ карда буд.

Ӯ гуфт, дар се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла, ба тарконидани худ дар анбӯҳи одамон даст задаанд.

 

Беҳуқуқӣ, адами таълимоти динӣ дар дохил. Чаро муҳоҷирон ифротӣ мешаванд?

Ин устодони Академияи ВКД дар ҳоле аз пайвастани шаҳрвандони кишвар ба гурӯҳҳои ифротгаро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ  ва “имомҳои интернетӣ” нигаронӣ мекунанд, ки қаблан пои чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муҳоҷират буданд, ба ҳамалаҳои террористӣ дар кишварҳои алоҳида кашида шуд.

Коршиносон мегӯянд, маҳз беҳуқуқии муҳоҷирон, адами таълимоти динӣ дар дохили кишвар, шикастагии равониву омили иқтисодӣ сабаби гаравидани муҳоҷирон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мешавад.

Аз ҷумла, Ҷамолиддин Хомӯшӣ, узви Шӯрои уламои кишвар ва рӯҳонии тоҷик дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки маҳз надоштани маълумоти заминавии динӣ омили аслии ба доми ифротгароён афтондани бархе муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аст. 

“Касе кафолат дода наметавонад, ки то куҷо он маълумоту таълиме, ки муҳоҷирон аз интернету доираҳои гуногун мегиранд, саҳеҳ аст. Чун худи муҳоҷирон ташхис карда наметавонанд. Аз ин рӯ, ин раванди танзимнашуда метавонад бархе аз муҳоҷиронро то доираи гурӯҳҳои иртиҷоӣ бурда расонад”, – гуфт ин рӯҳонии тоҷик.

Абдулло Давлатов, ки чанд сол роҳбари яке аз созмонҳои дифоъ аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия буд, ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳарчанд муҳоҷират сабаби афзоиши сафи ифротиён нест, аммо ҷинояткорон аз фурсат истифода мебаранд.

Ба гуфтаи ӯ, маҳз вазъи душвори ҳуқуқии муҳоҷирон, ки аксаран боиси шикасти равонии онҳо мешавад, бархе ҷавононро ба доми мубаллиғони ифротӣ меандозад.

 

“Ифротишавӣ дар дохилу хориҷ баробар аст”

Вале Рустам Азизӣ, коршиноси масъалаҳои ифротгароии хушунатомез бар ин назар аст, ки ифротишавӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ тақрибан баробар аст.

“Хеле аз афроде ҳастанд, ки аз дохили кишвар ба ин гурӯҳҳо пайвастаанд, ки аслан ба хориҷ сафар ҳам накарда буданд. Байни инҳо ҳам афроди таҳсилкарда буду ҳам афроди гуногун… Мисоли ин сарҳанги собиқ Гулмурод Ҳалимов, (сардори ОМОН-и ВКД) ё Абу Холид ё Абу Усома инҳо ба муҳоҷират коре надоштанд. Ифротишавӣ ва басиҷи онҳо дар ҳамин дохили Тоҷикистон сурат гирифт”,- гуфт ӯ.

Нигаронӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар муҳоҷират дар ҳолест, ки ҳоло ба ҷуз Донишкадаи исломӣ дар Душанбе, дар ҳеҷ ҷо масоили динӣ тадрис намешавад.

Аз ин пештар, мақомот чанде аз мадрасаҳои диниро баста буданд. Сабаби онро мақомот пешгирии гароиши ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ унвон менамуданд.

Ин сабаб шудааст, ки ҳомиёни ҳуқуқ Тоҷикистонро барои маҳдудиятҳои динӣ интиқод мекунанд.

Охири моҳи июн Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар гузориши солонааш перомуни озодиҳои динӣ, Тоҷикистонро барои маҳдудиятҳои динӣ интиқод карда, ин навбат ҳам кишварро ба гурӯҳи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” шомил карда буд.

Ҳамчунин, Нозила Қонеъ, гузоришгари вижаи СММ оид ба озодии дин ва эътиқод моҳи апрел аз Тоҷикистон боздид кард ва аз мақомот даъват намуд, ки қонунҳои худро дар бораи озодии дину эътиқод мутобиқ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.